• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РЎЗИ МАТБУОТ

11 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 110-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик мизи мудаввар баргузор гардид. Ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ҳозиринро бо ин рӯз табрик карда, доир ба ҷойгоҳи аввалин рӯзномаи тоҷикии  “Бухорои шариф” дар низоми матбуоти тоҷик, нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ, мавзуъ ва муҳтавои матолиби он, саҳми кормандони ин ҷарида бобати анҷоми корҳои равшангарӣ дар соҳаҳои илму маориф маъруза намуд. Сипас мудири кафедраи забони тоҷикӣ, профессор Саидмуроди Хоҷазод доир ба рушди ВАО дар ҷумҳурӣ ва собиқадори матбуоти тоҷик Абдурауф Муродӣ доир ба рисолат ва мақоми нашрияи донишгоњии “Омӯзгори ҷавон” сухан ронданд.

Дар идомаи ҳамоиш филми мустанади “Пешвои миллат ва ташаккули фазои расонаӣ” намоиш дода шуд. Дар фарҷом ба ифтихори Рўзи матбуот сармуҳаррири рӯзномаи “Омӯзгори ҷавон” Ҳабибулло Сатторӣ бо нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори факултети филологияи тоҷик Ҷамшед Валиев бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони шуъбаи табъу нашр ва матбааи донишгоҳ, ҳамчунин омўзгороне, ки узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд, аз ҷониби раёсат ва иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Суратгузориш аз рафти мизи мудаввар:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj