• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

РӮНАМОИ КИТОБИ “МЕТОДҲОИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲО АЗ АЛГЕБРА”

12 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ рӯнамои китоби дотсенти кафедраи методикаи таълими математика Мамадҷон Махкамов “Методҳои ҳалли масъалаҳо аз алгебра” баргузор гардид, раёсат ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Чорабиниро ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадафи онро тақвияти раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ арзёбӣ намуд ва қайд кард, ки Мамадҷон Махкамов муаллифи зиёда аз 380 корҳои илмӣ-методӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Сипас, профессори кафедраи методикаи таълими математика Мансур Нугмонов оид ба ҳаёт ва фаъолияти муаллифи китоби болозикр, профессори кафедраи информатика ва системаҳои иттилоотӣ Юсуфалӣ Ҳасанов оид ба мақоми он дар таълими математика ва профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ Сироҷиддин Бандаев перомуни ҷараёни таълифи ин китоби арзишманд маърӯза карданд.

Инчунин, доир ба китоби тозанашр ва муаллифи он президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ғуломқодир Бобозода, профессор Иброҳим Усмонов, директори Институти илмӣ-таҳқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав профессор Абдулҳай Комилӣ, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи “Омӯзгор” Абдурауф Муродӣ, мушовири директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ва дигарон ибрози ақида намуда, ба сифату муҳтавои китоб баҳои баланд доданд. Аз ҷумла зикр карданд, ки дастури “Методҳои ҳалли масъалаҳо аз алгебра”-ро метавон на танҳо дар муассисаҳои олии таълимӣ, балки дар коллеҷу муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо низ самаранок истифода истифода бурд, зеро китоби мазкур чун роҳнамои методӣ барои омӯзгорон дар миқёси ҷумҳурӣ беамсол мебошад. Дар фарҷом Мамадҷон Махкамов аз ҷониби раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ барои саҳми арзандааш дар рушди илмҳои риёзӣ бо нишони 90-солагии ДДОТ ба номи С. Айнӣ қадрдонӣ карда шуд.

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj