• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶӮИ ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

29-30 марти соли 2022 олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика бахшида ба гиромидошти олими бузург Абӯалӣ Ибни Сино баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд. Аз ҷумла аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чор нафар донишҷӯ ширкат варзиданд.

Аз байни онҳо донишҷӯи факултети физика Назриддинзода Саидҷон сазовори ҷои сеюм гашта, бо Дипломи дараҷаи III ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуд. Донишҷўёни донишгоҳ Пўлотова Азиза, Сайдалиев Муҳаммад ва Расулов Бахтовар барои иштироки фаъолонаашон дар ин сабқати бонуфуз бо диплом сарфароз гаштанд. Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи мазкур дар партави эълон шудани  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ташкил ва гузаронида шуд.

Аксҳо аз сомонаи ДМТ гирифта шудаанд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj