• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

Мусоҳибаи рӯзноманигор Абдулхайр АБДУРАҲМОНЗОДА

бо сардори Раёсати таълими донишгоҳ Наҳтулло АЙНУЛОЗОДА

оид ба ҷамъбасти соли таҳсили 2021-2022

Устоди азиз! То ба имрӯз барои супоридани имтиҳонот дар донишгоҳ чӣ тадбирҳо роҳандозӣ гаштааст?

-Барои оғози сессияи имтиҳонотии тобистонаи соли таҳсили 2021-2022 ҳама чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Пеш аз ҳама фармоиши ректори донишгоҳ барои супоридани имтиҳоноти сессияи тобистона ба имзо расид. Ғайр аз ин марказҳои қабули имтиҳонот бо фарогирии 280 компютер дар 3 маркази имтиҳонотӣ пурра фаъол гардонида шудаанд. Ба ғайр аз ин дар ҳама факултетҳои донишгоҳ аз 1 то 3 синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст,  ки донишҷӯён метавонанд дар асоси ҷадвали тасдиқшуда бе ягон мамоният имтиҳоноти худро супоранд. То ба ҳол сессияи тобистонаи курсҳои панҷуми хатмкунанда ҷамъбаст гардида, ҷараёни таълими курсҳои чоруми хатмкунанда дар ҳоли анҷомёбист. Алъон барои курсҳои панҷуми хатмкунанда давраи сессияи иловагӣ (триместр) рафта истодааст.

Барои бартараф кардани мушкилоти техникӣ кадом чораҳои зарурӣ андешида шудааст?

 

-Пеш аз ҳама бояд қайд намоям, ки ин техника аст. Метавонад ҳар лаҳза мушкилот пайдо кунад. Аммо нисбат ба солҳои гузашта имсол мушкилиҳои техникӣ кам ба назар мерасад, қариб ки вуҷуд надорад. Чуноне, ки дар солҳои пеш қабули изи ангушт ва яку якбора хомӯш гаштани барнома мушкилӣ эҷод мекард, аммо имсол ин ҳама камбудиҳо бартараф гашта, Раёсати донишгоҳ ба хотири пешгирӣ намудани ин мушкилиҳо кормандони маркази техникӣ ва коммуникатсиониро дар ҳар як нуқтаи қабули имтиҳонот муваззаф намудааст, ки аз оғоз то анҷоми имтиҳонот ҳузур дошта, дар сурати пайдо шудани мушкилии техникӣ ба донишҷӯён кӯмак расонанд.

Оё дар ин нимсола нисбат ба дигар нимсолаҳо дар раванди имтиҳонсупорӣ ягон тағйирот ба вуҷуд омадааст?

-Тағйиру иловаҳо дар ин сессия дар нақша нест. Дар асоси ризоияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мо 60 фоизи фанҳои тадрисшавандаи нимсолаи дуюми соли таҳсилро ҷиҳати тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ гирифтани имтиҳонот ба роҳ мондем. Тибқи нақшаҳои таълимии амалкунанда аз 25-уми майи соли ҷорӣ қабули имтиҳонҳо дар се шакл – шифоҳӣ, хаттӣ ва тестӣ барои донишҷӯёни курсҳои 1-4-ум ба роҳ монда мешавад.

Имтиҳоноти давлатии хатми донишҷӯён бошад, дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ оғоз гаштааст.  Дар шуъбаи рӯзона бошад, имтиҳоноти давлатӣ аз 13-уми июн то 4-уми июл ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, супоридани имтиҳоноти давлатӣ ва имтиҳонотӣ сессияи тобистонаи соли таҳсили 2021-2022 дар синфхонаҳои барҳаво ва дорои камераҳои назоратии сабткунандаи садо ба роҳ монда шудааст. Алъон дар донишгоҳ 22 комиссияи аттестатсионии хатм ташкил гардидааст.

Чи хеле ки медонем дар донишгоҳ маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ бо маркази тестӣ якҷоя карда шуд. Маркази ягонаи навтаъсис ба донишҷӯён чӣ гуна хизмат мерасонад?

-Бале, мо дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми кишвар ду сохтори раёсати таълими донишгоҳро якҷоя намуда, номи онро “Маркази ягонаи тестӣ, бақайдгирӣ ва маваратӣ” гузоштем. Вазифаҳои кормандони марказ дар асоси ду низомномаи пештара ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин, масъалаҳои ҷорие, ки кормандони маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ анҷом медоданд, пурра ва салоҳияти кормандони Маркази ягонаи тестӣ, бақайдгирӣ ва машваратӣ гузашт.

Оё барои дар оянда беҳтар намудани фазои таълим дар донишгоҳ ягон нақша ё дурнамо вуҷуд дорад?

-Мо пайваста кушиш мекунем, ки ҳар як мушкилоти соҳаи таълимро дар донишгоҳ сари вақт бартараф намоем. Мо дар нақша дорем, ки дар соли таҳсили 2022-2023 дар донишгоҳ боз як маркази нави қабули имтиҳонот бо фарогирии технологияҳои муосир аз ҳисоби грантҳо таъсис диҳем. Кушода шудани ин марказ метавонад барои ҳам донишҷӯёни шуъбаи рӯзона ва ҳам фосилавӣ дар дастрасии технологияҳои муосир кумак расонад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj