• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ЗАМЗАМАИ МЕҲР

17 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони “Замзамаи меҳр” бахшида ба Рӯзи ҷавонон, Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи эҷодиёти омӯзгор-адиб Озари Ориф баргузор гардид. Қобили қайд аст, ки Озари Ориф (Нораҳмедов Озар Орифович) соли 1990 шуъбаи суруд ва мусиқии факултети педагогикаи ДДОТ ба номи С.Айниро хатм намуда, имрӯз дар ҳамин факулта ба ҳайси омӯзгор кору фаъолият намуда истодааст. Мавсуф Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 2018 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.  Дар ин маҳфил устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мастона Эргашева, Хурсандмурод Зарифов, Тоҷиддин Раҳимов, Абдувалӣ Ҷалолов, Амрохон Раҳимов ва Темуралӣ Ҳафизов иштирок намуда, бо сурудҳои дилнишини хеш табъи ҳозиринро болида гардониданд. Дар фарҷоми чорабинӣ ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ баромад намуда, меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт.

 

Суратгузориш аз рафти маҳфил:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj