• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Мулоқоти судманди ректор бо сафир

Масоили барқарорнамоӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду мактаби олии омӯзгорӣ-Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Озарбойҷон ба номи Насируддини Тӯсӣ дар мулоқоти ректор, академик Носирҷон Салимов бо сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар оғози мулоқот ректор зикр кард, ки равобит байни таълимгоҳҳо ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад. Барои вусъат ва тақвияти риштаи ҳамкорӣ имконоти мусоид фароҳам ҳастанд.

Сафир А.Гасанов барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, тазаккур дод, ки Донишгоҳи омӯзгории Озарбойҷон, ки номи яке аз олимони барҷаста-Насируддини Тӯсиро дорад, яке аз макотиби олии эътиборманд дар ин мамлакат мебошад. Ба таъкиди сафир, ин даргоҳ ҳанӯз дар замони Шӯравӣ аз обрӯ ва мавқеи шоиста бархӯрдор буд. Алъон мо бояд биандешем, ки дар кадом самтҳо метавонем ҳамкории судмандро роҳандозӣ намоем.

Н.Салимов, ректор, қайд кард, ки барои табодули донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон шароитҳо мавҷуданд ва мувофиқи матлаб аст, агар дар навбати нахуст пиромуни ҳамкорӣ дар ин бахшҳо созишномаҳо ба тасвиб расонем.

Дар мулоқот, ҳамзамон, гуфта шуд, ки барои густариши равобит дар ҷодаи тадқиқоти илмӣ ва таълифи китобҳо дар ҳаммуаллифӣ имконоти васеъ вуҷуд доранд. Ба андешаи ҷонибҳо, инчунин, тарҷума ва шарҳи  осори Низомии Ганҷавӣ, Насируддини Тӯсӣ, Хоқонии Шервонӣ ва ғайра бо забонҳои русию озарӣ ниҳоят судманд мебошад.

Ректор изҳор дошт, ки айни замон аз тарафи устодон шарҳи «Махзан-ул-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ барои донишҷӯён дар ҳолати омодашавӣ қарор дорад. Тавре Н.Салимов зикр кард, тасмим гирифта шудааст, ки дар навбати дуюм шарҳи қасидаҳои Хоқонӣ таълиф гардад.

Дар нишаст ҷонибҳо, ҳамчунин, нисбат ба сатҳи тарҷумаи осори безаволи шуарои классик изҳори ақида карданд.

Дар поёни вохӯрӣ ҳарду ҷониб ба он қарор карданд, ки то ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар донишгоҳ базми шеъри Хоқонӣ доир намоянд.

Бахтиёри Абдураҳим



 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj