• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ: БАРОИ ТАҶРИБАОМӮЗОН БИНОИ НАВИ 2-ОШЁНА СОХТА МЕШАВАД

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар нишасти матбуотӣ баргузор гардид.Нишасти матбуотиро Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ, ифтитоҳ намуда, аз дастовардҳои назарраси устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар самти илм, таълим, тарбия, робитаҳои байналмилаливу хоҷагидорӣ дар ҳузури рӯзноманигорон ёдовар шуд. Инчунин Аҳлиддин Ибодуллозода дар идомаи гузориш ба намояндагони васоити ахбори омма иброз дошт, ки раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст як бинои 2-ошёна барои донишҷӯёни факултаҳои химия, биология ва география баҳри самаранокии кори таҷрибаомӯзӣ бунёд намояд. Илова бар ин ректори донишгоҳ аз тасмими сохтмони бинои манзили истиқоматии иборат аз 200 ҳуҷра барои омӯзгорон ва ба истифода додани бинои нави таълимӣ барои донишҷӯёни факултаҳои забонҳои хориҷӣ дар ҳудуди Донишгоҳ ёдовар шуд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj