• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҶАЛАСАИ РЕКТОР: МУАЛЛИФОНИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД

Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ, бо иштироки муовинони ректор, деканони факултетҳо ва сардорони раёсат ҷаласаи корӣ баргузор намуд. Дар ҷаласа ректори донишгоҳ як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла назорат ва муайян намудани донишҷӯёне, ки то ҳол шартномаи таҳсилро пардохт накардаанд, ҳолати ҳозиршавии донишҷӯён ба дарс, баргузор намудани намоиши дастовардҳои факултетҳо дар даромадгоҳи бинои асосӣ, пешниҳоди ихтисоси нав, ташкили суҳбат-вохӯрӣ бо волидони донишҷӯёни курси аввал, ивази бесабаби дарсҳо аз ҷониби омӯзгорон, дарсшиканӣ, таҷрибаомӯзии донишҷӯёни дар курси хатм қарордошта, дастгирии донишҷӯёни ниёзманд, фармоишҳои интиқолу барқарор, иштироки донишҷӯён дар чорабиниҳо ва назорати қатъии донишҷӯёнро дар дарс мавриди баррасӣ қарор дод. Зимни ҷаласа Аҳлиддин Ибодуллозода иброз дошт, ки китобҳои дарсие, ки аз тарафи устодон таълиф мешаванд, аз ҷониби раёсати Донишгоҳ интишор карда шуда, ҳамзамон муаллифон бо маблағи пулӣ (гонорар) қадрдонӣ карда мешаванд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj