• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ПЕШВОИ МИЛЛАТ- РОҲНАМОИ ҶАВОНОН

Мавзуи тарбияи ҷавонон мавзуест, ки кишвари ба пешрафт саъйдошта бояд ба он бештар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд. Неруи ҷавонон  муҳимтарин манбаи тараққӣ дар раванди рушди ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, ҷавонон сармояи бузурги ҷомеаи тамоми кишварҳо маҳсуб меёбанд. Муваффақият ва пешрафти ҳар кишвар ба  саъйу талоши ҷавонони он кишвар зич алоқаманд аст. Аз ин рў, имрўз дар дунё барои таълиму тарбияи ҷавонон сармояи зиёде  ҷудо мешавад, зеро ташкили ҷомеаи муваффақ ва идеалӣ вобаста ба иштироки ҷавонон дар шохаҳои мухталиф мебошад. Фард вақте  ба синни ҷавонӣ мерасад, ба огоҳӣ аз ин ки ба баҳори умри худ расидааст, гумон мекунад, ки  ба тавону қудрат ҳамдаст ёфтааст, аммо ҳанӯз бисёр муаммоҳои зиндагиро намедонад ва  таҷрибаи рўзгор наандўхтааст. Аз ин хотир, мумкин аст дар масири зиндагии хеш  бо мушкилоту хатари зиёде рў ба рў шавад. Бинобар ин, ҷавон бояд боэҳтиёт ва бодиққат рафтор  кунад, то битавонад дар ин давраи ҳассос ва муҳим аз мушкилот зуд раҳоӣ  ёбад. Зеро қонуни табиат ин аст, ки умри одамӣ тез мегузарад ва ҷавон бояд огоҳ бошад, ки баҳори ҷавонӣ танҳо фасле аз фаслҳои зиндагии ўст, ки босуръат дармегузарад ва дигар ба қафо бознамегардад ва фурсати ҷуброн  ҳам нест.

Ҳукумат ва давлати маънавибунёди тоҷикон ба ин табақаи ояндасози миллат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Боиси ёд кардан аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1994, ҳангоми суханронӣ дар Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон бо итминони қавӣ ва эътимодбахш ба ин қишри пурқуввати ҷомеа такя намуда, чунин таъкид карда буданд: “Мо бояд дар ҷавонон ҳисси ватандӯстиро парвариш намоем. Онҳо дар чунин руҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар пора хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад. Ҳифз кардани онро барои худ шарафи бузург донанд.”

Агар ба дидгоҳи назарии шахси аввали кишвар амиқтар тааммул намоем, дармеёбем, ки ҳеҷ миллат ва ҳеҷ Ватан бе пойдории руҳи миллӣ, ки омили аслии посдории Ватан ва муқаддасоти он аст, пойдор намондааст. Ба ибораи дигар, ба масъалаи парвариши ҳисси ифтихори миллӣ диққату таваҷҷуҳи ҷиддӣ додани Сарвари давлат, пеш аз ҳама, ба хотири тақвияти ватандӯстии шаҳрвандон, таъмини ҳастӣ ва бақои ободии миллат ва Ватан мебошад. Бидуни тардид, таваҷҷуҳ ба ин масъалаи ҳаётан муҳим ғамхорӣ нисбат ба парвариши рӯҳӣ ва маънавии насли ҷавон аст, ки хушбахтона ин раванд дар ҷомеаи кунунии мо бо рангу шеваҳои судбахш рӯйи кор меояд. Насли тозараси  ҷомеа маҳз дар ҳамин рӯҳия ва муҳит камол меёбанд ва баҳри расидан ба ормонҳои ниҳоии худ ҷаҳду талош менамоянд.

Сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳайси падидаи афзалиятнок шинохта шуда, аз сиёсати дурандешона ва оянданигари Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Дар ин ҳама гирудорҳои пуршебу фарози замони муосир, ки бо гунаҳои мухталиф ҷомеаи ҷаҳониро ба худ машғул медорад, аз ҳар яки мо, бахусус ҷавонон зиракии сиёсӣ ва бедории комилро хоҳон аст. Ҷавҳари асосии сиёсати давлатии ҷавонон муқаддамтар аз ҳама дар он зуҳур меёбад, ки ҷавонҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ ва ғурури миллӣ тарбият намуда, дар тайёр кардани мутахассисони соҳибкасбу ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат фаъолияти босамар ва натиҷаоварро анҷом диҳем.

Моҳияти аслӣ ва равишманди ин сиёсат, ки мақсад ва вазифаи бунёдии онро омода намудани ҷавонони корсозу бунёдкор ва мусаллаҳ бо дониши фароху фарогир ташкил медиҳад, аз се ниҳод: оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа тақозои онро дорад, ки дар парвариши мустақими насли тозараси ҷомеа боэҳтиёт бошанд. Зеро андаке беэътиноӣ ва каммасъулиятӣ зоҳир намудан дар ҷодаи тарбият ҷавононро метавонад, ки дар пайроҳаи пурпечутоби рӯзгор раҳгум гардонад. Ба таъбири пурмуҳтавон Пешвои миллат фақат  “одамони бомаърифат, мутахассисони варзидаву обрӯманд, хушахлоқ ва дорои тафаккури созанда масъулияти имрӯзу ояндаи Ватанро ба уҳда гирифта метавонанд”.

Афзун ба ин, ҷомеа ҳамон вақт бунёди мустаҳкам дошта метавонад, ки боварҳои олӣ асоси ҳастии онро ташкил диҳанд. Ин боварҳо ва ормонҳо сарчашмаи пешрафтҳои бузург шуда метавонанд. Боварҳо ормонҳоро дар худ ҳифз мекунанд. Танҳо аз тариқи интишор ва такмили боварҳо ҷомеа пеш меравад. Дар сурате мо ба ҳадаф мерасем, ки агар боварҳо андеша ва имони насли ҷавонро ба ҳаракат дароварда тавонанд. Дар роҳи амалӣ сохтани ин ҳадаф такя ба ақлу заковати фарогир намудан ва дар иҷрои кулли корҳои ба уҳдагирифта заҳмати содиқона  кашидаи зарур меояд. Танҳо дар ҳамин сурат ормонҳои инсон воқеӣ мешаванд. Зикри ин нуқтаи муҳим такроан  дар ҳидоятҳову роҳнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифода ёфтаанд.

Вобаста ба ин, барои камол бахшидан ба тасаввуроти маънавии ҷавонон парваришу хислатҳои поквиҷдонӣ, некхоҳӣ, хоксорӣ, меҳрубонӣ ва адолатнокӣ нақши муҳим доранд. Ин хислатҳо барои покии руҳ ва камоли маънавии насли ҷавон  муҳим буда, заминасози камолоти инсонӣ ва ватандории онҳост. Ин роҳнамоиҳои Президенти кишвар дар кори парваришу тарбияти ҷавонон аҳамияти ҳамешагӣ доранд.

Мусалламан, ҳадафҳои миллии таълим ва тарбият дар замони мустақилият шакл ва моҳияти хос пайдо кард. Масъалаҳои бозгашт ба асли хештан, ба асолати фарҳангӣ ва суннатӣ, эҳё ва таблиғи маънавиёт дар ҷомеа, бахусус дар байни ҷавонон аз тариқи истифодаи шеваҳои суннати омӯзишӣ ва таваҷҷуҳ ба улуми инсонӣ дар низоми омӯзишу парвариш аз муҳимтарин равишҳоест, ки борҳо дар раванди суханрониҳои Пешвои миллат садо медиҳанд.

Дар даврони мустақилияти комили иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии кишвар усули худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва эътирофи арзишҳои башарӣ ба роҳ монда шуд, ки моҳияти онро ҳастии таърихӣ ва маънавии миллат, ҳамчунин дурнамои инкишофи он муайян мекунад. Ба ифодаи саҳеҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷомеаи навини мо бо инсонҳои дорои хислату ҷаҳонбинӣ ва мафкураи нав ниёзманд аст. Мазмун ва моҳияти ин мафкураи навро бояд ҳисси ифтихори миллӣ, давлатдорӣ, ватандӯстиву инсонпарварӣ, умуман арзишҳои миллию умуми башарӣ ташкил диҳад”. Аз ин таъқиди пурмазмун метавон чунин хулоса бардошт, ки дар зеҳну шуури насли тозараси ҷомеа тарбият намудани эҳсоси гарми худогоҳӣ ва худшиносии таърихӣ таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии давлат қарор доранд.

Дар даврони мустақилият Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на фақат  мамлакатро  аз буҳрони иҷтимоиву иқтисодӣ раҳоӣ бахшид, балки бо назардошти замон ва талаботи ҷомеаи нави тоҷикон ва миллатҳои дигари муқими кишвар роҳи дуруст ва ояндадори рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавии кишварро таъмин намуданд. Пешвои миллат истиқлоли воқеӣ ва босамари кишварро дар таъйини ҳадафҳои ватанхоҳӣ, миллатдӯстӣ, ормонҳои таърихсози иҷтимоиву маънавӣ дида, мувофиқи талаботи замони нав, замони ба истилоҳ  ҷаҳонишавӣ ҳадафҳову идеалҳо ва равишҳои дарёфт ва таҳкими ин арзишҳоро ба дурустӣ муайян намуданд.

Дар масири таърихи инсоният ҷавонон ба мисоли қувваи пештоз ва нерӯи тавонманди ҷомеа муаррифӣ гардида, ояндаи давлату миллат аз онҳо бастагӣ дорад. Зеро ҷавонон насли давронсози замон, соҳибони имрӯзу фардои миллат ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлоламон мебошанд.

Дастовардҳои ҷавонон дар замони Истиқлолият беш аз пеш буда, пайваста аз ҷониби давлат қадрдонӣ гардидаанд. Нақши барозандаи ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот ва рушди бемайлони ҷомеа назаррас аст. Аз ин ҷост, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷавонон давлат таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дар ин самт барномаву дастурҳои ҷолиб пешорӯи онҳо гузошта шудааст, то ки ба ин васила ҷавонон бо  дасту дилу гарм дар ободонии кишвар саҳмгузор бошанд. Зеро ба фармудаи Пешвои миллат “Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси Ватани хеш бошанд”.

Пешвои миллат пайваста таъкид ба он мекунанд, ки ҳар миллате ба василаи таълим ва тарбият фарҳанг, мероси фикрӣ ва ақлии худро ба наслҳои ҷадид интиқол медиҳад ва идеалҳою  ормонҳои ҳаётиро ба онҳо талқин  менамояд. Ин ба он маъност, ки дар тарбияти ҷавонони  хушахлоқ ва донишманд ҳар нафаре аз мо худро масъул донем, то он ки ҳар кадоме шоистагии анҷом додани вазифа ва рисолаташонро ба тавре ки дархӯри мақом ва мутобиқи шаъни инсон аст, доро бошанд. Бошад, ки ба ин равиши парвариш  ҷавонон  битавонанд ормонҳояшонро воқеӣ созанд.

АДАБИЁТ:

1.«Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»

2.«Низомнома»-и Шурои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон

3.«Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон»

4.«Барномаи тарбияи ватандўстии ҷавонон»,

5. «Барномаи рушди саломатии ҷавонон»

6.«Консепсия оид ба сиёсати ҷавонон»

7.«Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8.Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МОҶТ аз 22.12.2016

 

Салим Тағоев,  устоди  кафедраи забон ва адабиёти  тоҷики  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj