• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ОМӮЗГОР – ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ

“Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Муаллим равшанкунандаи ҳаёти инсон дар ҷомеа мебошад. Муаллим ҳаст, ки дари илму донишро ба рӯи инсон мекушояд. Муаллим мисли фасли баҳор, агар барои аз хоби ноз бедор кардани табиат баҳор лозим бошад, пас баҳри саводнок шудану ба роҳи рост рафтани инсоният мақоми омӯзгор калон аст.
Омӯзгор вазифаи ниҳоят душорро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамояд, илм меомӯзад, ки чандон кори осон нест.Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси руҳи инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон корро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адабро меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад.Меарзад дар васфаш ин суханонро бигўем:
Бар мақоми рушди рўҳии одамизод,
Муаллимро муҳандиси аввал бибар ёд.
Ба ақидаи Рӯдакӣ ҳама чизи зарурро инсон маҳз аз ҳаёт меомўзад. Он чизе, ки шахс аз ҳаёт наомўхтааст, ба ў ягон муаллим омўзонида наметавонад. Ҳамин тавр, мутафаккир ҳаётро муаллим ва сарчашмаи тарбияи инсон шуморидааст.
Ҳар кӣ н-омўхт аз гузашти рўзгор,
Низ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор.
Хушбахт онест, ки сазовори номи пуршарафи омӯзгор гардад. Омӯзгор касби хеле пуршараф аст, аммо заҳматталаб мебошад. Омӯзгоре, ки ҳамеша ҷидду ҷаҳд мекунад, дар ӯ эҷодкорӣ асар мекунад. Ва ӯ сазовори номи пуршарафи омузгорӣ мегардад. Ҳамаи омӯзгорон маълумоти олиро бо ҳар роҳу восита соҳиб шуда метавонанд, вале муаллими ҳақиқӣ на ҳама шуда метавонанд, чунки донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтор, гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Осон нест аз кӯдаке, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, донишманд сохт. Бар ҳақ Ибни Ямин гуфтааст:
То тилф хонаду соҳибҳунар гардад,
Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад.
Ҳофиз муаллимро чароѓи ҳидоят хонда гуфтааст, ки муаллим инсонро таълим дода ба сарчашмаи ҳаёт мерасонад. Ҳофиз муаллимро дар ашъори худ бо истилоҳоти «Хизр», номи пайғомпарӣ«Масеҳо», «Аҳли дил», ном бурда, ҳамду сано гуфтааст:
Саъй нокарда дар ин роҳ ба ҷое нарасӣ,
Музд агар металабӣ, тоати устод бибар.
Муаллим бояд одами ростқавл, фаъол ва намунаи зиндаи одами нек бошад. Некўкориро дар талабагон падарвор тарбия намояд. Ў завқу ҳаваси талабагонро ба ҳисоб гирифта, онҳоро ба хондан мароқнок кунонад.
Омӯзгор барои ҳамчун инсони комил тайёр кардан, ба камол расидан ва соҳиби дониши муккамал гардидан саъю кӯшиши зиёд мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад.
Муаллим ҳидояткунанда, роҳнамо, пешбаранда, некхоҳу ибратомӯз ва ёрирасони фарзанде инсон дар роҳи ростиву росткорӣ ва оммӯзишу бурдбориҳост.
Сарвари маорифпарвари мо, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо маорифро соҳаи афзалиятнок шуморида, қадру эътибори муаллимро хеле боло бардоштаанд, ки ин баҳои олӣ ба заҳмати муаллим аст.
Муаллим он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳамаи парвардаи оғӯши биҳиштосои муааллим мебошанд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит месозад, ки давлати муаллим шогирдонаш мебошанд. Ӯ аз пешрафт ва комёбии шогирдон ифтихор мекунад. Хушбахтона дар мушкилтарин даврони зиндагии мо омӯзгорон дар хизмати халқу Ватан қарор доранд. Эҳтироми муаллим вазифаи муққадаси ҳар як фарди бомаърифат аст.
Ба ҳамаи шумо, устодони олиқадр ва муаллимони азиз, пеш аз ҳама, сиҳҳатӣ, умри дароз, хонаободию саодати рӯзгор ва дар роҳи иҷрои вазифаҳои наҷибу пурмаъсулияти хеш комёбиҳои тозаро таманно дораам. Иди касбиятон муборак!

Мамадносирова М.М., муаллими калони кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj