• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

НАХУСТМУҲАҚҚИҚИ ИБОРАҲОИ ФЕЪЛИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ба истиқболи 90 - солагии таваллуди забоншиноси

маъруфи тоҷик Абдусаттор Мирзоев

Соли равон аз таъсисёбии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон-нахустмактаби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 сол сипарӣ гашт ва  имсол аз таваллуди яке хамткардагони ин боргоҳи маърифат забоншиноси  маъруфи тоҷик, доктори илмхои филология, профессор, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи  Абуалӣ ибни Сино, устоди зиндаёд Абдусаттор Мирзоев моҳи майи соли оянда  90 сол сипарӣ мешавад.

Мавсуф дар соли 1957, баъд аз хатми мактаби таҳсилоти умумӣ Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистонро дар риштаи филологияи тоҷик ба поён мерасонад. Роҳи зиндагӣ ӯро ба сӯйи илм овард ва устод Абдусаттор Мирзоев дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ бо як ҷӯшу хурӯши тасаввурнопазире ба пажўҳиши се шохаи забоншиносии тоҷик - иборашиносӣ, грамматика ва имло то охири умр заҳмат кашид. Аз ҳамон оғоз ӯ  дар институти мазкур дар вазифаҳои лаборанти хурд, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири шуъбаи забон ва ходими пешбари Институти забон ва адабиёти  ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) фаъолият кардааст. Ҳамчунин дар муддати солҳои 1995-2002 ҳамчун дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи      С. Айнӣ ба шогирдон сабақ омўхтааст. Устод Абдусаттор Мирзоев ҳамчунин ба сифати котиби комиссия дар таҳия ва қабули имлои забони тоҷикӣ ширкат варзидааст.

Чӣ тавре ки зикр кардем, Абдусаттор Мирзоев дар тўли умри пурбаракати хеш дар се шохаи забоншиносии тоҷик-иборашиносӣ, грамматика ва имло фаъолият карда, як қатор корҳои бунёдӣ ва мондагорро  ба анҷом расонидааст.

Бо муҳимтарин осори илмӣ, илмӣ-оммавӣ, дастурҳои методӣ, китобҳои дарсӣ, ба мисли «Қоидаҳои асосии имлои забони тоҷикӣ» (1972), «Имлои забони тоҷикӣ» (1998), «Забони адабии ҳозираи тоҷик» (1973,1982)  иштирок дар таълифи «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» (3 ҷилд, 1985, 1986, 1989), «Луғати имло» (1991, ҳаммуалиф), «Ибораҳои феълӣ дар забони адабии тоҷикӣ» (1972), «Масъалаҳои ибора дар забони тоҷикӣ» (2002), «Забони тоҷикӣ» (синфи 6 , ҳаммуалиф) ва зиёда аз дусад мақолаҳои илмӣ номи ўро ҳамчун забоншиноси маъруф барои ҳамеша дар саҳифаҳои илми забоншиносии тоҷик сабт намудааст. Дар илми забоншиносии тоҷик олимони маъруф хеле зиёданд ва дар миёни онҳо ҷойгоҳи устод Абдусаттор мақому манзалати хосро дорост.

Бо эътиқоду эътироф бояд зикр намоем, ки устод Абдусаттор Мирзоев чун олими асил тавонистааст дар соҳаи забоншиносӣ, алалхусус дар бахши иборашиноносӣ як равиши тозае ба вуҷуд биоварад. Мактаби иборашиносии  Абдусаттор Мирзоев яке  аз мактабҳои эътирофгардидаи забоншиносии тоҷик ба шумор рафта ва ин мактаб нотакрор аст. Бахусус, монографияҳои «Ибораҳои феълии замонӣ дар забони адабии тоҷик» (1972), «Масъалахои ибора дар забони тоҷикӣ» (2002) дар муҳити илми забоншиносӣ нақши бузургеро ба ёдгор гузошт ва дар бунёди иборашиносӣ заминаеро ба бор овард. Устод Абдусаттор Мирзоев солҳои тўлонӣ машғули таҳқиқи ҳамаҷонибаи  масъалаҳои ибора буд. Мавсуф дар пажўҳиши масъалаҳои назариявии ибора бо пайравӣ аз назарияи олимони Аврупо, пеш аз ҳама академик Виноградов В.В., тавонист мавқеи ибораро дар низоми синтаксиси забони тоҷикӣ ба таври мушаххас муайян намояд ва дар илми забоншиносии  тоҷик як мактаби иборашиносиро ба вуҷуд оварад. Махсусан, рисолаи «Масъалаҳои ибора дар забони тоҷикӣ» (2002) дар илми забоншиносии тоҷик нахустин асари муккамалест роҷеъ ба масъалаҳои назарияи ибораҳои синтаксиси забони тоҷикӣ. Ин асари бунёдӣ натиҷаи ҷамъбасти заҳматҳои чандсолаи устод буда, дар ҳалли муаммоҳои назарияи масъалаи ибораи забони тоҷикӣ ба сифати сарчашмаи муҳим арзиши баланди илмию амалӣ дорад.

Забоншиносони тоҷик, ба мисли Салом Абдураҳимов, Муқимҷон Акрамов, Ҳабибулло Солиев, Аҳмад Алиев, Абдушукур Ғаффоров ва Момагул Темурова мактаби иборашиносии устодро гузашта,   сазовори дараҷаи илмии номзаду докторҳои илмҳои филология гардидаанд ва имрўз мактаби иборашиносии ўро пеш бурда, дар донишгоҳҳои кишвар фаъолияти илмию педагогӣ анҷом дода истодаанд. Барои олими асил гардидани ҳар яке аз шогирдони хеш ранҷу заҳмати беандоза мекашид. Устоди сахтгир ҳамеша ба шогирдон таъкид менамуд, ки ба хеҷ ваҷҳ ва дар ҳеҷ вазъият аз ҳақиқати илмӣ худро баканор нагирифта, ба сохтакорӣ, таҳрифоти илмӣ, ба замонасозӣ роҳ надиҳанд.

Имрўз чунин меҳнати хоксорона, пурмаҳсул, масъулиятшиносона, эҷодкорона ва ҳалолу самарабахши ин устоди матинирода намунаи ибрати мо шогирдон гаштааст. Агар устод тимсоли офтобе, ки ҷаҳони маънавии инсонро нуронӣ гардонад ва ўро ба сўйи наҷот раҳнамун созад ва чун қутбнамо, ки тариқи зиндагониро муайян намояд, пас ин ҳамаро мо шогирдон дар рисолати бузурги устод Абдусаттор Мирзоев дар худсозӣ, худфарсоӣ ва ҷоннисории ў дар ҷодаи илм ва тарбияи шогирдонаш эҳсос кардаем.

Устод Абдусаттор  Мирзоев  ҳамчун забоншиноси варзида доимо дар андешаи таъмини бомароми рушди забони тоҷикӣ буд ва эҳтиёҷмандии меъёрҳои забони тоҷикиро  ба услуби илмӣ, забони суфтаю шево ва оммафаҳмии матбуот, забони коргузории устувор, истилоҳоти ягонаи соҳаҳо ва  имлои нисбатан возеҳу комил ёдрас мешуд, ки хушбахтона устоди зиндаёд то охири умр дар ин ҷода заҳмате кашид ва аз он хушҳолу хурсанд буд, ки баьди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон  таваҷҷуҳ ба забони тоҷикӣ бо талошҳои     бурдборонаи  Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар сатҳи давлатӣ ҷойгоҳи  вижаи  худро  пайдо  кард.

Устод ҳамеша таъкид аз он мекард, ки риояи меъёри сухану қоидаҳои имло, бахусус дар каломрониву қаламкашии зиёиён василаи покизагии забони аҳли диёр маҳсуб меёбад,зеро хатое ба навиштору гуфтори онҳо роҳ ёбад, он ба ғалати умум табдил меёбад, зеро забон омили асосии эҷоди фарҳанг, василаи рушду инкишофи ҷамъият мебошад. Ҷомеа аз вазъи забони миллӣ, муҳимтарин масъалаҳои пешрафти он бояд огаҳӣ дошта бошад ва дар ҳаққи  забон ғамхорӣ зоҳир намояд, барои ин ки забони миллӣ тавоно, зебову шево гардад, мусоидат кунад. Дар навбати худ, ба ҳар яки мо шогирдон тавсия медод, ки забонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем ва дар роҳи тозагию равнақи минбаъдааш пайгирона кушиш намоем.

Нахуст шиносоиям бо устод Абдусаттор Мирзоев ҳамчун олими забоншинос овони таҳсил дар риштаи филологияи Донишгоҳи давлатии Кўлоб тавассути рисолаҳои илмӣ ва китобҳои дарсиаш сурат гирифт. Баъдан пас аз хатми донишгоҳу фаъолият дар Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа (ҳоло ДДБ) ва таҳсил дар шуъбаи рўзонаи аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки устод дар ин маркази илмӣ фаъолият дошт, муносибати ману устод қаринтар гашт. Ҳамин тариқ, таҳти роҳбарии устод соли 2000-ум дар мавзуи «Ибораҳои феълӣ бо пешояндҳои аслӣ дар «Бадеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» рисолаи илмии хешро дифоъ намуда, ба мактаби иборашиносии устод ҳамчун шогирд ворид гардидам. Ва ифтихор аз он мекунам, ки дар мактаби забоншиносии чунин олими варзида ба майдони илм роҳ ёфтам. Натиҷаи ин буд, ки соли 2021 дар мавзуи “Хусусиятҳои грамматикӣ ва маъноии ибораҳои феълӣ дар забони осори мансури асрҳои XV­XVІ” рисолаи доктории худро дифоъ намудам.

Ман як тан аз шогирдони устод ин ҳама накўиҳои ўро дар ташаккули шахсияти хеш сипосгузорӣ мекунам. Таълифу чопи ин мақола низ як навъи дигари сипоси ман ба руҳи устоди зиндаёдам, забоншиноси маъруф ва асосгузори мактаби иборашиносии тоҷик Абудусаттор Мирзоев аст.

Итминони комил дорам, ки бо истифода аз имконоте, ки дар робита ба таҷлили 90 - солагии зодрўзи забоншиноси маъруфи тоҷик Абдусаттор Мирзоев пеш омадааст, донишмандону суханварон ва шогирдон дар шинохти воқеъбинонаи осори илмию мактаби иборашиносии ў бо нигоҳу андешаи неку тоза бо таълифу чопу як силсила мақолоту ёддошт руҳи устоди зиндаёдро пос хоҳанд дошт. Зеро қадрдонӣ аз хидматҳои фарҳангӣ, илмӣ ва адабиву маънавии чеҳраҳои шоистаи миллати тоҷик дар шумори бузургтарин ибтикороте қарор дорад, ки аз падидаҳои  шоистаи сиёсати фарҳангӣ ва маънавии Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб гардидааст. Устод Абдусаттор Мирзоев низ яке аз чеҳраҳои шоистаи илму миллати тоҷик умри бобаракати хешро ба таҳқиқи муҳимтарин масоили забоншиносӣ масраф намуда, ба таълифи осори фаровони мондагоре муваффақ гардид, ки барои садсолаҳои оянда хидмате хоҳад кард.

Абдушукур Ғаффоров - мудири кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ, доктори илмҳои филология

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj