• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

ЗАБОНИ МИЛЛАТ - ПОЯИ ДАВЛАТ
Имрӯз дар Донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони "Забони миллат - пояи давлат" конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнуллозода Наҳтулло оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик кард ва перомуни сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти забон сухан ронд. Сипас, дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии ДДОТ ба номи С. Айнӣ Мирбобоев А. оид ба нақши забон дар таърих, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино Қосимов О. дар бораи нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони адабии тоҷик ва сардори раёсати таълими ДДОТ ба номи С. Айнӣ Сулаймонов И. перомуни хусусиятҳои луғавию маъноӣ ва грамматикии вожаи "хуш" дар "Маснавии маънавӣ" маърӯза карданд. Дар фарҷом аз тарафи донишҷӯён шеърҳо дар васфи забони тоҷикӣ қироат карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки кори конференсия дар бахшҳо идома ёфт.

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj