• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ХОБГОҲ

Дар таърихи 5-уми октябри соли 2022 дар хобгоҳи № 6-и Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  чорабинии фарҳангиву фароғатӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ  баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳ Нигора Назарзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Давлатшоҳ Каримов, раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён Дилшод Раҷабов, коменданти хобгоҳ ва омӯгорону донишҷӯён ширкат варзиданд. Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳ Нигора Назарзода оғоз бахшида, ҳозиринро ба Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд ва зимни баромади хеш таъкид кард, ки забони тоҷикӣ асоси худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар як тоҷик азизу муътабар мебошад ва пояндаву бегазанд нигоҳ доштани он вазифаи ҳар яки мост.

Сипас, аз тарафи донишҷӯёни хобгоҳи мазкур барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj