• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҶАЛАСА БО КОРМАНДОНИ ҚИСМИ ИЛМИ ДОНИШГОҲ

Дар таърихи 10 октябри соли 2022 таҳти  садорати муовини ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинов Д.Ш. ҷаласаи васеи бахши илм ва инноватсия баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур кормандони бахши мазкур ва муовинони деканони факултетҳо оид ба илм иштирок намуданд. Дар рӯзномаи ҷаласа масоили зерин мавриди муҳокима пешбинӣ гардида буд:

1. Оид ба иҷрои талаботи дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ

2. Оид ба вазъи пешниҳоду тасдиқи мавзӯъҳои рисолаҳои хатми бакалаврӣ ва магистрӣ дар соли таҳсили 2022/2023.

3. Баррасии ваъзи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар муддати солҳои 2020-2022.

4. Санҷиши лаёқати эҷодкории  омӯзгорони донишгоҳ (моҳи октябр) таввасути нақли хаттӣ ва ё иншо, пурсиши маърифати кормандону омӯзгорон дар доираи китобҳои тавсияшуда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқи марбут ба соҳаи маориф (моҳи ноябр), пурсидани 400 луғати супоришӣ (декабр).

5. Оид ба риоя ва татбиқи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”.

7. Иҷрои талаботи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақша-чорабиниҳои амалисозии он.

Мавсуф вобаста ба масъалаи аввал зикр намуд, ки дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ, аз қабили таҳияи луғат, баргузории ҳамоишҳои илмӣ, тартиби пешниҳоди  мақолаҳо ба сомона, давомоти ҳузури донишҷӯён дар китобхона, вохурӣ бо магистрон, доктарантони PhD, унвонҷӯён, профессорони соҳибмактаб ва ҳамарӯза ташкил намудани як чорабинӣ бо иштироки омӯзгорон дар телевизион, конфронсҳои умумиҷумҳуриявӣ, мафҳилҳои илмӣ ва ғайра ҳаддалимкон бояд иҷро шаванд. Вазъи пешниҳоду тасдиқи мавзӯъҳои рисолаҳои хатми бакалаврӣ ва магистрӣ дар соли таҳсили 2022/2023 ва сатҳи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар муддати солҳои 2020-2022 санҷида шуда, маълумот пешниҳод карда шавад. Вобаста ба иҷрои талаботи банди 4 – и ҷаласа супориш дода шуд, ки дар фосилаи кутоҳтарин гуруҳи корӣ тартиб дода шуда, ба фаъолият оғоз намояд. Муовинони деканони факултетҳо оид ба илм муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати риоя ва татбиқи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”б араёсати илм ва инноватсия маълумотнома пешниҳод намоянд. Марбут ба иҷрои талаботи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  дар доираи факултетҳо нақша-чорабиниҳо амалӣ карда шуда, аз натиҷаи фаъолият маълумотнома ирсол карда шавад. Дар доираи факултет уовинони деканон оид ба илм масъули барномаи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия ҳисобида шаванд. Доир ба фаъолияти пешрафти кори илм бо сардори раёсати илм ва инноватсия ҳамеша машварат барпо карда шавад ва доир ба мавзуъҳои фармоишӣ супориш ироа гардид, ки минбаъд мудирони кафедра низ лоиҳаи фармоишӣ пешниҳод кунанд. Доир ба иштироки устодону кормандони бахши илм ҳар сешанбеи ҳафта, аз соати 6.00 то 7.00 ширкат дар машқҳои пагоҳирӯзӣ ҳатмӣ дониста шуд.

Дар фарҷом  садри маҷлис ба ҳозирин барору комёбӣ таманно намуд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj