• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

ФАЙЗУ БАРОР ОРАД ИН ҶАШНИ ОРИЁӢ
22-юми октябри соли 2022 бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Меҳргон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса бо оростани хони идонаи факултетҳои Донишгоҳ истиқбол гирифта шуда, дар он Мишел Тарран, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон ширкат намуд.
Ибодуллозода Аҳлиддин, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар якҷоягӣ бо Мишел Тарран аз хони ин ҷашни ориёӣ, ки аз ҷониби факултетҳои Донишгоҳ ороста шуда буд, дидан намуд. Ибодуллозода Аҳлиддин Мишел Тарранро бо расму ойинҳои ин ҷашни куҳани таърихӣ шинос намуда, чун анъанаи неки ниёгон туҳфаҳои ҷашнӣ тақдим намуд. Сипас, ректори Донишгоҳ, зимни суханронӣ омӯзгорону донишҷӯён ва кормандону меҳмононро ба муносибати ин ҷашн таҳният хонда, изҳор дошт, ки Меҳргон на танҳо ҷашни фаровонии дастранҷи кишоварзону боғдорон ва файзу баракати хонадони мардум аст, балки рамзи неки маънавию фарҳангӣ низ ба шумор меравад. Ҳамзамон мавсуф қайд намуд, ки моҳияти асотирии Меҳргонро низ ғояҳои ахлоқии ҷашнҳои Наврӯзу Сада, яъне пирӯзии адолат бар ҷаҳолат, нур бар зулмот, ободгарӣ бар харобкорӣ ва некӣ бар бадӣ ташкил медиҳанд.
Дар қисмати фарҳангиву фароғатии чорабинӣ бо таҳияи барномаи махсуси иборат аз таронаҳои дилнишин дастаи ҳунарии “Чеҳранамо”-и Донишгоҳ хотири ҳозиринро болида гардонида, ба чорабинии идона сафои тоза бахшид.
Нуктаи дигарро низ дар ин маврид мебояд ёдовар шуд, ки Ибодуллозода Аҳлиддин ва Мишел Тарран баъд аз чорабинии пуршукуҳ аз маҷмааи рамзи “Истиқлол”-и боғи тозабунёди Майдони «Истиқлол» дидан намуданд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj