• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

МУЛОҚОТ БО МАГИСТРАНТОН
Дар таърихи 24 октябри соли 2022 бо магистрантоне, ки дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил менамоянд, мулоқоти намояндаи садорати донишгоҳ барпо гардид. Ҷаласаро мудири бахши тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ Ахиева С.У. ифтитоҳ намуда зикр кард, ки айни замон аз 191 нафар магистрантон 48 нафар бо сабабҳои номуайян ҳузур надоранд. Дар ҷаласа асосан масоили марбут ба машғулиятҳои таълимӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои магистрантон, пешниҳод ва тасдиқоти мавзуъҳои магистрӣ ва амсоли инҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар заминаи мавзӯъҳои зикршуда мувини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илм, профессор Сангинзод Д.Ш. қайд намуданд, ки ҳар як нафар маҳистрант қабл аз ҳама бояд бо талаботи Низомномаи магистратура, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2016, таҳти № 66 шинос бошад ва дар ин баробар ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои хешро, ки аз талаботи низомномаи мазкур бармеоянд, ба таври ҳифз донад. Минҷумла масъалаи беш аз 0,5 ставкаи корӣ фаъолият намудани магистрант хилофи талаботи ин низомнома буда, минбаъд, дар ҳолати ошкор гардидан барояш душворӣ пеш меорад.
Мавсуф ҳамчунин дар боби мавзӯъҳои магистрӣ изҳори нигаронӣ карда, зикр намуданд, ки масъалаҳои муштараки байни роҳбарони илмӣ ва магистрантон, аз қабили назорати пайвастаи барнома, таҳияи нақшаи инфиродӣ, назорати иҷрои корҳо ва ғайра ба ҳадди эътидол риоя намешавад. Таҳияи рисолаҳои магистрӣ низ, ки бояд дар тӯли тамоми давраи таҳсил иҷро гарданд, аз масоили баҳснок ба ҳисоб мераванд. Вобаста ба иҷрои талаботи мавзӯъ магистрант бояд вақти бештари худро дар китобхонаву қироатхонаҳо сарф намояд, вале маълум гардид, ки дар моҳи охир танҳо 5 нафар магистрант ба китобхонаи донишгоҳ ташриф овардаанду халос. Ин ҳолатро муовини ректор хеле нигаронкунанда арзёбӣ кард.
Дар ростои таҳлили масъалаҳои таълим профессор Сангинзод Д. таъкид намуданд, ки ректор ва садорати донишгоҳ омодаанд, ҳамеша арзу шикояти магистрантонро қабул намуда, дар ҳалли камбудиҳои ҷойдошта мусоидат кунанд. Вобаста ба ин масъала китоби арзу шикоятҳо вуҷуд дорад ва ҳар магистрант метавонад мустақиман арзу шикояти хешро дар он сабт намояд.
Тибқи қарори ҷаласаи мазкур ҳама магистрантони донишгоҳ муваззаф гардиданд дар муддати аз 24.10. 2022 то 24.11. 2022, яъне дар муддати як моҳ талаботи Низомномаи магистратураро азхуд намоянд. Дар ин баробар тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати донистани луғати вожаҳои англисӣ (400 калима) то 24.12.2022 озмун баргузор мегардад, ки иштироки магистрантон низ ҳатмист.
Дар ниҳояти ҷаласа мувини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илм, профессор Сангинзод Д.Ш. ба кормандони бахши магистратура ва кулли магистрантон барору комёбӣ таманно намуда, аз миёни онҳо дар илми муосири тоҷик пайдо гардидани нобиғагонро орзу намуданд.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj