• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Омӯзиши забони кореягӣ густариш меёбад

Дар мулоқоти ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимов бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ён Жан Гу масъалаи тавсеаи омӯзиши забони кореягӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вохӯрии мазкур, ки бо ҳузури чанд тан шаҳрванди ин мамлакат-омӯзгорони забони кореягӣ дар донишгоҳ баргузор шуд, зикр гардид, ки майлу рағбат ва ҷаҳду талоши муҳассилини мо барои азхуднамоии забони мазкур ниҳоят зиёд мебошад. Тавре ректор Н.Салимов

тазаккур дод, дар маърифатгоҳи мо дар радифи он ки омӯзиши забони кореягӣ ба тарзи дилхоҳ роҳандозӣ шудааст, ҳамзамон, Маркази фарҳангии Корея фаъолият дорад, ки барои рушд ва омӯзиши ин забон мусоидат хоҳад кард. Донистани таърих, фарҳанг ва адабиёти Корея барои ҳар нафар шаҳрванди кишвари мо манфиатбор мебошад ва табиист, ки ин гуна маълумотро танҳо дар натиҷаи донистани забон метавон ба даст овард.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳо изҳори хушҳолӣ намуда, таъкид доштанд, ки оянда таъсиси шуъба ва факултаи забони кореягиро низ бояд ба нақша гиранд. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки забони кореягӣ яке аз забонҳо пуркорбурд маҳсуб ёфта, омӯзиши он ҳаргиз аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Ректор Н.Салимов ба сафир мужда расонд, ки донишгоҳ маҷаллае таъсис дод ва дар он осори гаронарзиш ва безаволи адибони бурунмарзӣ аз ҷониби донишҷӯён тарҷума ва нашр мешаванд. Шуруъ аз шумораи аввал, ки то ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ба табъ мерасад, ҳатман тарҷума аз асарҳои намояндагони адабиёти Корея ҷой хоҳад дошт. Ҳамчунин, дар ҳамдастӣ бо омӯзгорони забони кореягӣ, ки худ шаҳрванди Ҷумҳурии Корея ҳастанд, тасмим гирифта шуд, то китобе низ пиромуни ин мамлакати тараққикардаи ҷаҳон таълиф ва интишор карда шавад.

Сафир Ён Жан Гу дар идома иттилоъ дод, ки чанде баъд муҳлати сафирии ӯ ба анҷом мерасад ва изҳори итминон кард, ки бо сафири тозатаъйин равобити ҳамкорӣ боз ҳам тақвият меёбанд.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстию ҳамдилӣ ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Бахтиёри Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj