• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ
Тибқи Нақшаи кории Шӯрои илмӣ-методии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 27 октябри соли 2022 ҷаласаи навбатӣ барпо гардид. Ҷаласаро раиси Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ, профессор Сангинзод Д.Ш. ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор хоҳанд гирифт:
1. Ҳолати иҷроиши лоиҳаҳои фармоишӣ, грант ва бурсия дар кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва факултетҳо / Гузориши сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев Соҳибназар
2. Вазъи фаъолияти таълимию методӣ ва ҳуҷҷатгузории донишҷўёну магистрантони хориҷӣ / Гузориши мудири шуъбаи байналмилалӣ Хайров Т.
3. Оид ба тақсимоти мавзӯъҳои рисолаҳои хатми зинаи бакалавр ва магистр барои хатмкунандагони соли таҳсили 2022-2023 / Гузориши сардори гурӯҳи корӣ Имомов Абдулло
Тибқи банди чоруми рӯзнома якчанд маводи таълимӣ барои нашр тавсия шуд, ки иборат аз як китоби дарсӣ, панҷ дастури таълимӣ ва чор монография мебошад.
Дар ҷараёни ҷаласа аъзоёни шӯро вобаста ба масъалаҳои мавриди муҳокима нуктаву эроди назари хешро баён намуданд.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj