• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо


БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТҲОИ ДАСТАҲОИ ОЛИМПӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА ЗАБОНҲОИ ШАРҚ

Дар факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ то оғози соли таҳсили ҷорӣ танҳо як гурӯҳи олимпӣ аз рӯйи фанни забони англисӣ амал мекард. Соли ҷорӣ бо ташаббуси ректори донишгоҳ муҳтарам Ибодуллозода А.И. шумораи дастаҳои олимпӣ ба се адад расонида шуда, имрӯз дар факултет се дастаи олимпӣ аз рӯйи фанҳои забони англисӣ, забони хитоӣ ва забони кореягӣ омодагӣ мебинанд. Дар дастаҳои олимпӣ донишҷӯён ҷиҳати иштирок намудан дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки машғулиятҳои дастаҳои олимпии факултет ҳафтае се маротиба баргузор гардида, омӯзгорони ҳам соҳибзабон ва ҳам ватанӣ машғулиятҳоро мегузаронанд.
Дар таърихи 27.10.2022 машғулияти дастаи олимпии факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ аз фанни забони англисӣ бо роҳбарии омӯзгори соҳибзабон хонум Айлин Ҷиаманко баргузор гардид. Дар машғулият аъзои дастаи олимпӣ ва муовини декан оид ба илми факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ Мирато Комилов ширкат намуданд. Дар машғулият машқу тамрини истимоъ, гуфтор ва навиштани забони англисӣ тавассути усулҳои интерактивӣ, аз ҷумла кор дар байни ду нафар ва кор дар гурӯҳҳои хурд бо истифода аз маводи китоби THE OFFICIAL GUIDE TOEFL IBT гузаронида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки Айлин Ҷиаманко дар аввал шакли аудиоӣ ва хаттии як муколамаро аз бахши маводи истимоии китоби THE OFFICIAL GUIDE TOEFL IBT ба донишҷӯён манзур намуд ва аз донишҷӯён хоҳиш намуд, то муҳтавои муколамаи аудиоии шунидаашонро бо усули кор дар байни ду нафар матраҳ намоянд ва бо истифода аз нақшаи «Чиро шунидам? ва Чиро фаҳмидам» нависанд.
Мавриди зикр аст, ки чунин фаъолият аз як тараф баҳри сайқал додани малакаи истимоии донишҷӯён хуб мебошад ва аз ҷониби дигар гузаронидани он қабл аз навиштани эссеҳои тавзеҳӣ, тасвирӣ ва бахусус эссеи муътақидкунанда муфид аст. Зеро ба хонандагон пеш аз навиштани иншо додани дониш оид ба мавзуи эссе кӯмаки хуб буда, онҳоро ба навиштани он роҳнамоӣ месозад.
Баргузории чунин машғулиятҳо ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки малакаи истимоъ, гуфтор ва тафаккури интиқодияшон инкишоф ёфта, донишашон афзун гардад. Навиштани эссе донишҷӯёнро баҳри тамрини малакаҳои забонӣ водор сохта, барои дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидани онҳо замина мегузорад.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj