• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҲАМОИШИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ҶАВОНОН ВА 30 – СОЛИ ИҶЛОСИЯ"


Имрӯз бо ташаббуси Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони Донишгоҳ таҳти унвони “Ҷавонон ва 30 – соли Иҷлосия” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амир Иброҳимзода, роҳбари Дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Фаридун Ҳусензода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ Давлатшоҳ Каримов, раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯёни Донишгоҳ Раҷабов Дилшод, мудири шуъбаи фарҳанг Озодамо Ашурова, мудири бахши кор бо занону духтарон Муслима Давлатова, муовинони декан оид ба тарбиявӣ ва донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳ иштирок намуданд.  Нахуст, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни Донишгоҳ Раҷабов Дилшод суханронӣ намуда, ҳамоиши мазкурро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амир Иброҳимзода баромад намуда, ҳозирин ва кулли омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳро ба муносибати 30 – солагии Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд. Мавсуф ҳамчунин қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ нахустин муассисаи олии касбиест, ки аввалин шуда, ҳамоиши ҷавононро бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи мазкур баргузор намуд.
Дар идомаи ҳамоиш, муроҷиатномаи ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ таҳти унвони “Ҷавонон ва 30 – соли Иҷлосия” бо меҳру самимият ва арзу сипос ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сармутахассиси Шуъбаи кор бо ҷавонон Абдулхайр Абдураҳмонов қироат карда шуд.
Дар фарҷоми қисмати сиёсии ҳамоиш ба ҷавонони фаъоли Донишгоҳ Сипосномаҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Дар қисмати фарҳангӣ бошад сарояндагони ҷавони Донишгоҳ – аъзои ансамбли “Чеҳранамо” – и Донишгоҳ бо суруду таронаҳои дилнишин хотири иштирокчиёни ҳамоишро болида гардониданд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj