• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ШОИРИ АШЪОРИ ДИЛНИШИН

Тибқи нақша - чорабиниҳои Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 28 октябри соли 2022 дар донишгоҳ маҳфили илмӣ – адабӣ бо унвони “Хирадмандон” барпо гардид. Ба маҳфили навбатӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муовини сармуҳаррири  маҷалаи миллии адабии “Садои Шарқ” Давлати Раҳмониён даъват гардида буд, ки ӯ миёни аҳли каломи маъонӣ соҳиби ҷойгоҳи хоссаи хеш буда, ашъораш миёни соҳибдилон ҳанӯз аз оғози садаи нав мавриди баҳсу гузоришҳои аҳли илму фазл  қарор гирифтааст.  Маҳфилро муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илм, профессор Сангинзод Д.Ш. ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки дар адабиёти муосири тоҷик устодони бузурги сухан, мисли  Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода, Низом Қосим, Рустами Ваҳҳоб ва даҳои дигар шӯҳрати назми оламгири тоҷикро бо ҳам афзун намудаанд. Насли нави замони истиқлол, ки устод  Давлати Раҳмониён намояндаи он мебошанд, бо дид ва нигоҳи рангини бадеӣ  бар ҷисму ҷони шеъри ноби тоҷикӣ руҳу равон бахшидаанд.

Муҷрии маҳфил инчунин дар бораи ҳаёт ва фаъолияти устод  Давлати Раҳмониён сухан ронда, зикр намуданд, ки мавсуф барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (соли 2017) Аълочии маориф ва фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Шеъри ӯ ифодагари заҳматҳои ӯ дар коргоҳи шеър буда, то ин замон маҷмуаҳои «Растохези Рӯҳ» (1995), «Найистон» (1996), «Марзи нисён» (2002), «Навишта дар пари парвона» (2007), «Қиёми рӯҳ» (2014), «Хайма дар офтоб» (2017), «Хотира ва муҳокимаҳо» (2020) ба хонандагон аз ҳунари шоирии ӯ мужда расонидаанд.

Сипас, шоир бо муҳаббат ва самимият сомеонро вориди дунёи шеър намуда, бо оҳанги рӯҳнавоз ашъори тозаи хешро ба ҳозирин қироат намуд. Аз ҷумла ҷавононро ба ватандӯстӣ даъват намуда, чунин фармуд:
Бе ишқ Ватан, Ватан набошад,
Гар ҳаст, барои ман набошад.
Чун хоси Ватан набуд, уфтод,
Ҳарфам, ки дар даҳан набошад.
Бе ишқ даруни синаи танг,
Дилро ҳаваси задан набошад.
Гӯянд: муродифи Ватан чист?
Ишқ аст, дигар сухан набошад.

Донишҷӯён низ дар ин баробар аз ашъори шоири ашъори дилнишин Давлати Раҳмониён намунаҳои зеборо қироат намуда, маҳфилро рангинтар намуданд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj