Хабарҳо | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
АЗ 34 НАФАР ИШТИРОКЧӢ 7 НАФАР БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ РОҲ ЁФТ
Дар ин рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе маросими даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субхи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он аз ҷумлаи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (3 нафар омӯзгор ва 10 нафар донишҷў) аз рӯи номинатсияҳои “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ”, “Адабиёти классикии тоҷик”, “Адабиёти муосири тоҷик”, “Адабиёти ҷаҳон” ва “Эҷоди назму наср” иштирок намуданд. Тибқи натиҷаи озмун 7 нафар аз онҳо: ду нафар аз рўи номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” ду нафар аз рӯи номинатсияи “Адабиёти классикӣ”, як нафар аз рӯи номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик”, ду нафар (як нафар омӯзгор ва як нафар донишҷӯ) аз рӯи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд. Донишҷӯёни зеринро, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта, дар баланд гардидани эътибори донишгоҳи омӯзгории пойтахт саҳмгузоранд, раёсати Донишгоҳ бо муваффақияти зерин табрик намуда, дар даври минбаъда барояшон муваффақият таманно менамояд:
|