• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО БО НАМОЯНДАГОНИ 5 КИШВАРИ ДУНЁ ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОР НАМУД

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобила бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар дар таърихи  10-уми ноябри соли 2022  бо ибтикори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ  конфронси байналмилалии илмӣ-амалии онлайн  таҳти унвони "Таҳсилоти педагогӣ дар заминаи равандҳои тағирёбанда: захираҳо ва механизмҳои таъмини рушди устувори ҷомеа" ташкил ва баргузор карда шуд.  Лозим ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ  ташкилкунандаи асосии конфронси мазкур буда, дар кори он намояндагони 5 давлати дунё, аз қабили Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ (Ҷумҳурии Тоҷикистон), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус (Ҷумҳурии Беларус), Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Маскав (Федератсияи Россия), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Арманистон ба номи Хачатур Абовян (Ҷумҳурии Арманистон), Донишгоҳи давлатии Қарағанда ба номи Е.А. Букетов (Ҷумҳурии Арманистон) ва  Донишгоҳи славянии Ҷумҳурии Молдова (Ҷумҳурии Молдова) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни ин конфронси байналмилалӣ муовини  ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Худойдодзода Ф.Б. ба ҳайси узви тадорукот иштирок  ва муовини  ректори донишгоҳи мазкур оид ба корҳои илм, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. дар мавзӯи “Омодасозии кадрҳои педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир дар мисоли муассисаҳои олии касбӣ” маъруза ироа карданд. Ба таври умум дар конфронс ироаи зиёда аз 50 маърузаи илмӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои мадди назар пешбинӣ гардида буд.

 

Ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҷамъбасти конфронс маҷмӯаи мақолаҳои илмии дар ин конфронс ироашуда  дар Пойгоҳи миллии библиографии Русия оид ба истинодҳои илмии РИНЦ ҷойгир карда мешаванд. Мақсад аз баргузор намудани ин конфронс иборат аз он аст, ки  тамоюлҳои муосири рушди таҳсилоти омӯзгорӣ мавриди баррасӣ  қарор гирифта, ҳадафҳо, вазифаҳо ва сохтори таҳсилоти олии соҳаи омӯзгорӣ матраҳ карда мешавад. Дар ин баробар тавассути он  масоили рушди  омодасозии  муаллимон, ҷанбаҳои педагогии идоракунии сифати таълими омӯзгорон дар донишгоҳ, инчунин шароити навсозии таъминоти моддию техникӣ ва молиявии он муайян карда мешаванд.

 

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj