• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

МИЗИ МУДАВВАР-СЕМИНАРИ ИЛМИИ ДОНИШҶЎЁН

Дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори  кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ мизи мудаввар-семинари илмии донишҷўён таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани ҳуқуқ ва самаранокии фаъолияти илмии ҷавонон» бахшида ба 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷуҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президент  баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур устодон, донишҷўён ва намояндагони Раёсати донишгоҳ иштирок намуданд. Дар ҷараёни он устодони кафедра Мирганова Н.Р., Умурзакова З.А., Мадиева М.К. ва донишҷўёни соли 4-ум Шарифова Муҳаббат ва Шафизода Дилрабо маъруза ироа  намуда, зикр карданд, ки Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.

Ҳамчунин  андешеҳои худро раиси иттифоқҳои касабаи донишҷўён Раҷабов Д.А. ва декани факултети забон ва адабиёти рус  Исломова Ҷ.М. баён намуданд. Чорабиниро омӯзгорон Умурзокова З. ва Мирганова Н.Р.  бо баромади пурмазмуни худ, яъне шукургузорӣ аз истиқлолу озодӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва дар рўҳияи хештансиносӣ тарбия намудани ҷавонон ҷамъбаст намуданд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj