• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ОҒОЗИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ

Тибқи дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар факултетҳои донишгоҳ аз рӯйи ҳама ихтисосҳои мавҷуда олимпиадаҳои фаннӣ баргузор шуда истодаанд. Дар ин ҷода кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ сабқат нишон дода, дар таърихи 11 ноябри соли 2022 аз ҷумлаи нахустинҳо дар байни донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ олимпиадаи фанни ҳуқуқро баргузор намуд. Дар ҷараёни баргузории олимпиада муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. ширкат намуда, иҷроиши дастури ректори донишгоҳро муфид ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.  Мақсад аз баргузор намудани чунин озмунҳо ҷустуҷӯи донишҷӯёни болаёқат, инкишоф додани истеъдоди таълимӣ, зеҳн, сифатҳои шахсии донишҷӯён дар асоси баланд бардоштани шавқу ҳаваси маърифатӣ ба фанҳои таълимӣ буда, дар ташаккули онҳо мусоидат менамоянд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj