• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ДОНИШГОҲ
Имрӯз, 14-уми ноябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси факултети педагогика ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Президенти сулҳофар ва бахтовар” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ, Изатулло Маҳмудзода, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, муовинони ректор ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ пас аз садо додани суруди миллӣ ҳамоишро ифтитоҳ намуда, аҳли толорро ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.
Мавсуф қайд кард, ки мо, миллати тоҷик, хушбахт аз онем, ки Сарваре мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гаштааст. Президенти кишвари мо тавонист дар тӯли 31 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистонро ба мамлакати ободу зебо ва амну осоишта табдил диҳад.
Дар идомаи чорабинӣ Изатулло Маҳмудзода дар мавзӯи “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат, вафодорӣ ба ватан, миллат ва Пешвои муазззами миллат” ибрози андеша намуд.
Дар идомаи ҳамоиш дастаи ҳунарии “Чеҳранамо”-и Донишгоҳ бо пешниҳоди барномаи рангини иборат аз суруду таронаҳои дилнишин табъи ширкаткунандагони чорабиниро болида гардонид.

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj