• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ИРОАИ ҲИСОБОТ ОИДИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

Дар таърихи 30-юми ноябри соли 2022 дар факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ тибқи нақша ҷаласаи ҳисоботӣ вобаста ба ҳама самтҳои фаъолият баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш., сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С., сардори раёсати таълим Сулаймонов И., мудири шуъбаи робитаҳои байналмилаӣ Хайров Т., мудири шуъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷ., садорати факултет ва мудирону омӯзгорони кафедраҳо иштирок карданд. Ҳисоботи солонаи факултет аз ҷониби муовинони декан оид ба илм ва таълим Комилов М. ва Шералиев С. ироа гардид, ки онҳо зимни баромади хеш оиди дастовардҳои устодону донишҷӯёни факултет маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Ҳамзамон, декани факултет Каримов Ш. баромад намуда, оиди фаъолияти устодони факултет дар самти илм ибрози андеша намуд. Баъдан аз тарафи ҳайати корӣ ҳисобот баррасӣ гардид. Дар фарҷом профессор Сангинзод Д. Ш. ба садорати факултет ва мудирони кафедраҳои барои вусъат додани корҳои илмӣ ва омоданамоии кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дод. Дар умум фаъолияти солонаи бахши илми факултет қаноатманд дониста шуд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj