• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ МАҚОЛАИ “МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?”

Вобаста ба масоили марзии байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳатто бо даргириҳои хунин анҷом ёфта буд, дар рӯзҳои наздик дар саҳифоти фейсбукӣ мақолаи таҳлилгари масоили байналмилалии сиёсӣ Абдуллоҳи Роҳнамо ба табъ расида буд. Дар таърихи 30-юми ноябри соли равон дар факултети технология ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи мақолаи мазкур мизи мудаввар баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д. Ш., мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Хайров Т., мудири шуъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷ., декани факултет Ширинов Б. ҳамроҳ бо муовинони худ ва инчунин як зумра донишҷӯёни факултети мазкур ширкат намуданд. Мудири шуъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷ. аҳамияти воқеии мақолаи мазкурро таъкид намуда, зикр кард, ки ин мақола дар аксар расонаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфи форсӣ бо унвони “МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?” ба табъ расидааст ва ба ҷаҳониён бо забони шево исбот намудааст, ки Тоҷикистон ҳамеша сусиёсати сулҳпарваронаро пеша карда, ҷонибдори бо роҳи қонунӣ ҳал намудани масъала аст. Вобаста ба қазияи мазкур саволу ҷавобҳо радду бадал шуданд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj