• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

НАТИҶАГИРӢ ВА ҶАМЪБАСТИ  КУРС – ТРЕНИНГ

Ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”  ва дар доираи ҳамкориҳои судманд маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  баргузории курс - тренингро ба роҳ мондааст. Мавриди зикр аст, ки курс – тренингҳои мазкур барои омӯзгорони фанни забони англисӣ бо истифода аз методҳои муосири таълими забони англисӣ ҳамроҳ бо ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” дар доираи лоиҳаи “Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо” амалӣ гардид, ки  он ба муҳлати  панҷ рӯз,  дар ҳаҷми 24 – соат  пешбинӣ гардида буд.  Бояд қайд намуд, ки дар рафти баргузории даври дуюми курс – тренинг 10  нафар омӯзгорони донишгоҳ ба қайд гирифта шуда буданд ва 8 нафари онҳо, ки талаботи нақшаи пешбинигардидаро аз худ намуданд, ба гирифтани  сертификатмушарраф  гардиданд. Дар маросими ҷамъбастии он муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.ҳ. профессор Сангинов Д.Ш., сардори Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо Азимов М.,  директори ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” Мирпочоева Н.,  менеҷери барнома Мирзовафоева Г., иштирок намуданд. Даври сеюми курс – тренинг оид ба усулҳои муосири таълими забони англисӣ барои омода намудани мутахассисони оянда дар давоми рӯзҳои аз  6 то 10 – уми декабр ба нақша гирифта шудааст.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj