• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

НИГОҲЕ БА ВИЖАГИҲОИ ҶАШНИ САДА

 

Сада сад раҳ кушояд сӯи Наврӯз,

Ба рӯи мо намояд рӯи Наврӯз.

Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,

Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз.

Гулназар

Ҷашнҳои миллӣ баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии гузаштагон буда, дар тули мавҷудияташон арзишҳои миллию фарҳангии моро дар таркиби худ ҳифз намудаанд. Омӯзиши таъриху мухтассоти ҷашнҳои миллӣ имкон фароҳам меоварад, ки мо аз афкору аъмол, орзуву ормон, ҷаҳонбиниву худшиносии аҷдоди гузаштаи дури худ огоҳӣ пайдо намоем.

Сада дар рӯзгори мардуми эронитабор ҳамчун ҷашни миллӣ аз даврони куҳан ҷашн гирифта мешуд. Бо мурури замон муддате ин ҷашн ба дасти фаромӯшӣ рафта буд. Дар замони хилофати арабҳо ба унвони ҷашни “Сада” баргузор мегардид, дар давраи Ғазнавиёну Темуриён ва баъдҳо низ идома дошт. Маросими ҷашни Садаро бархе аз хориҷиёне, ки дар асрҳои миёнаи мутааххир ба Эрон сафар намудаанд, дар ёддоштҳои хеш тасвир намудаанд.

Муҳаққиқон ҷашни Садаро ба мисли ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ҷашни миллии ориёӣ эълон намудаанд. Он яке аз ҷашнҳост, ки то ба рӯзгори мо ба таври ҳамагонӣ тақрибан боқӣ намондааст, вале онро то асрҳои миёнаи мутааххир ниёгони мо дар Осиёи Миёна ва Эрону Афғонистон васеъ ҷашн мегирифтанд. Дар ойини меҳрпарастӣ ва зардуштия Сада таҷассуми худро дар оташ ва равшаноию гармии он ёфта буд. Аз ин рӯ, ҷашни Садаро ҷашни пайдоиши оташ арзёбӣ намудаанд. Ҷашни Сада садумин рӯз аз оғози зимистон ва сад рӯзу шаб (50 рӯзу 50 шаб) монда ба аввали баҳор баргузор мегардид:

Ба Наврӯзи Ҷамшеду ҷашни Сада,

Ки нав гашта ойини оташкада.

Низомӣ

Ниҳод андар он марзи оташкада,

Бузургии Наврӯзу ҷашни Сада.

Фирдавсӣ

Роҷеъ ба ном, рӯзи баргузорӣ ва сабабҳои пайдоиши ҷашни Сада ҳам дар аҳди бостон ва ҳам дар асрҳои миёна ақида ва нуқтаи назарҳои ягона байни олимону муҳаққиқон вуҷуд надорад. Дар фарҳангҳо сабаби пайдоиши ҷашн, ба таври гуногун шарҳ дода шудааст, ки аксаран бо ҳам фарқи зиёд надоранд. Масалан дар “Бурҳони қотеъ” чунин омада: “Сада ҷашнест, ки порсиён дар рӯзи даҳуми баҳманмоҳ кунанд ва дар он рӯз оташи бисёр афрӯзанд”.

Ҳамчунин дар ин фарҳанг зикр шуда, ки ба муҷиби назари баъзе муҳаққиқон шоҳи пешдодӣ Ҳушанг- писари чоруми Ҳазрати Одам (а) рӯзе бо сад нафар мулозимонаш ба тарафи кӯҳе бо номи Истахр рафт, ногоҳ мори азимҷуссаеро диду сангеро бардошт ва ба ҷониби мор партофт. Он санги чақмоқӣ хато шуд ва бар санг барҷаста, бар хасу хошок афтод ва морро бисӯхт. Чун дар он замон ҳанӯз оташ зоҳир нашуда буд, Ҳушанг бо ҳамроҳонаш аз пайдо шудани оташ шоду хуррам гардида гуфт: “Ин нури Худо (фурӯғи эзидӣ) аст, ки душмани моро кушт ва ба саҷда рафт, шукри эзидӣ ба ҷо овард ва оташро қиблаи худ сохт ва он рӯзро ҷашни азиме кард”

Эй оташи Сада, эй нури Эзадӣ,

Пирӯз ҷовидон фарҳанги сармадӣ.

Оташ ба ҷойгоҳ, худ оби зиндагист,

Тобанда андарун қонуни бихрадӣ.

Ҳамин тариқ, ки қиблаи аҳли сарзамини Эрони бузург дар аҳди бостон нури аразӣ (оташ) дар рӯи Замин шуд, ки ашрафи нурҳои аразӣ Хуршед дар Осмон ба унвони нури ҷавҳарӣ нурпошӣ мекунанд.

Ривояти ҳосил шудани оташ дар маъхазҳои гуногуни аҳди бостон низ бо каме тағйирот омадааст ва онҳоро Фирдавсӣ ба тариқи ҷамъбаст ба риштаи назм кашида, ба ҷашни ҳарсола табдил ёфтани Садаро ба хотири поси ҳурмати оташ, ки ҳадяи аҳуроист, сурудааст.

Абурайҳони Берунӣ дар “Ат-Тафҳим” сабаби Сада номгузорӣ шудани ҷашнро ба он мансуб медонад, ки рӯзи ин ҷашн то Наврӯз 50 шабу 50 рӯз боқӣ мемонад. Ҳамин фикрро ӯ дар “Осор-ул-боқия” чунин баён кардааст: “Эрониён пас аз он ки “кабиса” бартараф шуд, дар ин вақт мунтазир буданд, сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози панҷ рӯзе, ки аз обанмоҳ бигзарад (яъне, 27 октябр ) мешуморанд ва охири зимистонро, ки даҳ рӯз аз баҳманмоҳ (яъне 30 январ) мегузашт, ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд”

Аз рӯи маълумоти Ҳаким Хйаём дар “Наврӯзнома” ҷашни Сада ба пирӯзии Фаридун ва Беварасп (Заҳҳок) нисбат дода шудааст. Ӯ дар асари ёдшуда навиштааст: “Ҳамон рӯзе, ки Заҳҳокро бигрифт ва мулк бар вай (яъне, Фаридун) рост гашт, ҷашни Сада бинҳод ва мардум писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек, он рӯзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некҳад дар Эрону Турон ба ҷой меоранд.

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Ривояти дигаре низ аз Абурайҳони Берунӣ дар ин мавзуъ аст, ки пирӯзии Фаридун бар Заҳок ва сабаби баргузории ҷашни Садаро бештар шарҳ додааст. Тибқи ин ривоят, вақте Заҳҳок зимоми ҳукуматро ба даст гирифт, ба вазираш Армаил амр кард, то ҳар рӯз ду ҷавонро кушта, мағзи сари онҳоро ба морҳои шонаҳояш бидиҳанд. Вале вазири некдилу нексиришти ӯ фармуд, ки паногоҳе дар кӯҳи Дамованд мефиристод. Касе аз ин амали ӯ огоҳ набуд.

Вақте Фаридун бар Заҳҳоки мордӯш ғолиб омад, вазирро мавриди сарзанишу накӯҳиш қарор дод. Вазир дар посух ба ӯ гуфт: “Тавоноии ман бар он буд, ки аз он ду якеро бираҳонам ва ҳамаи онҳо, ки раҳоӣ ёфтанд, дар паси кӯҳи Дамованд ҳастанд” .

Фаридун ба гуфтаи Армаил бовар накард ва саворонеро фиристод, то ростии гуфтаҳои ӯро гувоҳӣ диҳанд. Чун шаб шуд, фармуд, ки раҳоёфтагон биёянд ва дар боми хонаи хеш оташ афрӯзанд. Чунин карданд ва шуълаҳои оташ дар бомҳо фурӯзон шуд. Аз бисёрии онҳо Фаридун хушҳол шуд, вазирро ба тахти зарин нишонд ва вилояти Дамованд бар ӯ супурд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин ривоят Заҳок ҳамон аҷдаҳо ё худ Бевараспи морбардӯш аст, ки морҳои шонаи ӯ нишонии аҳриманист ва киноя аз шайтонест, ки дар лиқои инсон аст. Танҳо Фаридуни тилисмшикан тавонист, ки Заҳҳоки моронро шикаст бидиҳад, ба воситаи оташи равшаноӣ ба ӯ ғолиб ояд.

Гузинаҳои дигаре низ дар дафтари таҳқиқи ҷашнҳои куҳан роҷеъ ба номгузории ин ҷашн вуҷуд доранд. Баъзе муҳаққиқон муътақиданд, ки вақте фарзанди Ҳазрати Одам ба сад расид, бо номи Сада ин ҷашнро оростанд. Ҳарчанд, ки Имом Ғазолӣ дар “Кимиёи саодат” супорише ироа карда, ки мувофиқи он эрониён бояд ҷашни Наврӯз ва Садаро нагиранд ва шаби торикро чароғонӣ накунанд, либоси нав напӯшанд, ҳатто бояд азодорӣ бикунанд, то маҷус аз байн биравад, бар хилофи хостаи мутаассибон ин ҷашнҳои куҳани ориёӣ баргузор мегардиданд, дар аҳди ислом онҳо бо шукӯҳу салобати хосса ҷашн гирифта мешуданд.

Абулфайзи Байҳақӣ дар бораи ҷашни Сада беш аз иди Наврӯз дар “Таърих”-и машҳураш иттилоъ додааст. Аз ҷумла ӯ оварда, ки дар шаби даҳуми баҳманмоҳ мардум ба таври ҳашар ҳезум, буттаҳои кӯҳӣ ва алафҳои хушкшудаю хорҳои даштиро ҷамъоварӣ менамуданд.

Дар замони фармонравоии Султон Масъуд дар ҷараёни сафар, ки ба ҷашни Сада рост омада, Султон дастур дода, ки дар роҳи Марв саропардае дар лаби ҷӯй бизананд, тоқҳо дуруст кунанд ва тахти баланде бисозанд. Вақте “Сада фароз омад нахуст бар сари он тахт нишаст, надимону мутрибон биомаданд ва оташ ба ҳезум заданд ва пас аз он шунидам, ки қариб аз даҳ фарсанг фурӯғи он оташ дида буданд ва кабӯтарони нафтандуд бигузоштанд ва дадагони барфандуд ва оташ зада давиданд гирифтанд ва чунон Садае буд, ки дигар ончунон надидам ва он бо хуррамӣ ба поён омад”.

Дар идомаи чунин суханон дар “Таърихи Байҳақӣ” ҷашнҳои Сада дар дастгоҳи хилофат низ тасвир шуда, ки дар онҳо султонону амирон ва мардум дар канори суфраву хони бузурги ҷашнӣ менишаст, шоирон ба қасидасароию мадеҳагӯӣ шуруъ менамуданд, гирдогирди маҷлиси ҷашнӣ машъалаҳо гиронда мешуданд. Ба унвони ҳадяи ҷашнӣ ба хурдсолон шамшерҳои чӯбӣ, сурнайҳо ва дигар бозиҳо тақдим менамуданд ва ҳунарпешагон суруду таронаҳои ҷашниро замзама мекарданд:

Сада омад, ки тарабро сару солор бувад,

Шодмониро з-ин пас бар мо бор бувад.

Бар рухи Сада гарчи зимистон дар баст,

Партави чеҳраи ӯ гуфт, ки ин ёр бувад....

Манучеҳрӣ

Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ низ тақрибан ба ҳамин сурат саҳнаи таваллуди шоҳи оянда - Кайхусрави муборак ҳамчун фарорасии соли нав, ба мисли боридани борони раҳмат пас аз хушксолӣ, омадани баҳор баъди зимистони тӯлонӣ, ба тахт нишастани шоҳи фараҳманд баъди як давраи хараҷу мараҷ ва фатарот омадааст.

Ба даст овардани истиқлолияти миллӣ имкон фароҳам овард, ки шоирону нависандагон ва аҳли илму фарҳанг боз аз сари нав бо андешаву назари тоза ба гузаштаи дуру пурифтихор назар андозанд ва беҳтарин арзишҳои миллии аҷдодиро гулчин намоянд.

Миллати бузурги куҳанбунёди мо, ки дар тули дарози таърих бисёр офаридаҳои худ, аз ҷумла арзишҳову муқаддасоти миллӣ ҷашнҳои аҷдодии хешро аз даст дода, аз ҷабри таърих ибрат гирифта буд, дигаргуниҳои куллии иҷтимоиву сиёсии охири қарни ХХ-ро гарм истиқбол намуд.

Боиси ифтихор аст, ки дар қонуну санадҳои расмии давлатӣ дар маърӯзаву суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллии ниёгонамон сидқан пуштибонӣ ва ташвиқу тарғиб гардида истодааст.

Маҳз аз файзу баракати истиқлолият дар адабиёти навини тоҷик, аз ҷумла осори манзум ҷашнҳои миллӣ тасвиру тавсиф ва арҷгузорӣ карда мешаванд, ки ин муҳимтарин дастоварди адабӣ дар замони соҳибистиқлолиятии кишвар маҳсуб мешавад. Дар даврони истиқлолият рӯ овардани адибон ба ҷашнҳои миллӣ на танҳо масъулияти азиму ҷавобгарии хос, балки ҳунару истеъдод ва донишу тафаккури зиёдро талаб мекунад.

Пайнавишт:

1. Байҳақӣ А. Таърихи Байҳақӣ. – Душанбе: Бухоро, 2015. – 364 с.

2. Берунӣ А. Осор-ул-боқия. – Душанбе: Ирфон, 1990. – 298 с.

3. Гулхани Сада. – Душанбе: Адиб, 2018. – 365 с.

4. Ёҳақӣ М. Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ (Таҳия Рустами Ваҳҳоб). – Душанбе: Бухоро, 2014. – 748 с.

5. Раҳмонов А. Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷикӣ. – Душанбе: Диловар-ДДМТ, 1999. – 196 с.

6. Тафаззулӣ А. Таърихи адабиёти Эрон пеш аз ислом. – Теҳрон, 1378.

 

Тағоев Салим Саидмуминович, устоди кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj