• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Викторинаи экологӣ дар хобгоҳ

Бо ташаббуси кафедраи геоэкология таҳти роҳбарии профессор А.Эргашев ва дастгирии созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ дар хобгоҳи рақами 6 зери унвони «Муҳити зист-омили солимӣ» викторинаи экологӣ баргузор гардид, ки дар он истиқоматкунандагони хобгоҳҳои рақами 2, 3, 6 ва 7 ширкат варзиданд. Мебояд гуфт, ки дар чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳри тарбиявӣ Р.Бобокалонова низ иштирок намуд. Викторинаро декани факултаи география Ҳ.Зикиров ифтитоҳ кард.

Нахуст духтури дармонгоҳ Матлуба Алимова дар мавзӯи «Гигиена-омили саломатӣ» баромад намуда, ба саволҳои иштирокдорони ҷавобҳои дақиқ дод.

Викторина аз панҷ қисм иборат буд:

1.   Ҷавоб ба саволҳои шифоҳӣ.

2.   Посух ба чистонҳо.

3.   Қироати шеърҳо оид ба табиат, фаслҳои сол ва замин.

4.   Хобгоҳи тозатарини донишгоҳ.

5.   Пешниҳод нисбат ба беҳтарнамоии ҳолати экологии хобгоҳҳо.

Мувофиқи низомнома викторинаро ҳайати ҳакамон назорат намуда, аз рафти он натиҷагирӣ карданд. Аз рӯи холҳои бадастовардаи иштирокчиён ғолибон муайян гардиданд.

Ҷои якум ба донишҷӯёни хобгоҳи № 3, ҷои дуюм ба донишҷӯёни хобгоҳи № 2 ва ҷои сеюм ба донишҷӯёни хобгоҳҳои № 7ва 6 насиб гардид.

Ғолибон ва иштирокчиёни викторина бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён ва садорати факултаи география сарфароз шуданд.

Парвизҷони ҲУСЕЙН,

донишҷӯи соли 4-уми факултаи биология

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj