• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ТАЪРИХИ ТАРҶУМАИ РУБОИЁТИ ХАЙЁМ БА ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

Умари Хайём яке аз номдортарин шоирони адаби форсу тоҷик аст, ки на танҳо дар фарҳанг ва адабиёти мо аз ҷойгоҳи вежа бархурдор аст, балки дар ҷавомеаи аврупоӣ низ шинохта шуда, аз аҳамият ва эътибори болое баҳравар гаштааст.

Ин шоир дар ҷаҳон бештар ба воситаи рубоиёти худ машҳур гаштааст, зеро ба қавли Шиблии Нӯъмонӣ: «бо вуҷуди табаҳҳури Хайём дар тамоми улум: аз ҳикмат, нуҷум, фиқҳ, тафсиру ҳадис, таърих, маазолик, уфуқи шӯҳраташ дар тамоми ин мулук торик ва он чӣ, ки аз 800 сол ба ин тараф номашро зинда гузошта, фақат рубоиёти чандест, ки аз ӯ ба ёдгор монда ва ҳамин рубоиёт аст, ки шӯҳрати ӯро оламгир карда ва, билохира, дар тамоми Шарқу Ғарб печидааст». Оре ҳамин рубоётест, ки Хайёмро дар тамоми олам машҳур гардонд. Маҷмӯаи рубоёти ӯ ба бештари забонҳои олам тарҷума ва нашр шудаанд. Сабабгори шӯҳрати оламгири Хайём шоир ва тарҷумони англис Эвард Фитсжералд мебошад, ки дар нимаи дуюми асри нуздаҳ рубоиёти Хайёмро ба забони англисӣ «тарҷумаи озод» карда, ба ҳамин восита номи ӯро, ки қариб ба фаромӯшӣ рафта буд, аз нав зинда кард. Аммо Хайёмро дар Аврупо аллакай дар асри XVII мешинохтанд. Аз ӯ бори нахуст Томас Хайд дар асараш «Таърихи дини форсҳои қадим», ки соли 1700 интишор шудааст, ёдовар мешавад.

 

Инҷо бояд зикр намуд, ки ҳарчанд тарҷумаи осори адабии форсу тоҷик ба забони олмонӣ дар асри XVII (тарҷумаи «Гулистон» ва «Бӯстон”-и Саъдӣ) оғоз ёфта бошад ҳам, аввалин тарҷумаи рубоиёти Хайём ба забони олмонӣ дар даҳаи дуюми асри XIX анҷом ёфта, он ба қалами Йозеф Фрайҳер фон Ҳаммер-Пургштал мансуб аст. Ин тарҷумон дар маҷмӯаи худ «Таърихи балоғати форсҳо», ки соли 1818 ба табъ расондааст ва дар он намунаи ашъори 200 шоири форсу тоҷикро овардааст, аз ҷумла тарҷмаи 20 рубоии Хайёмро ҳам ҷой додааст. Аммо дар бораи услуби таҷрума сухане нарондааст. Ин тарҷума то нимаи дуюми асри XIX, яъне то ба нашр расидани тарҷумаи Фитсжералд, ягона тарҷумаи олмонии рубоиёти Хайём мебошад. Маҳз баъд аз нашри тарҷумаи Фитсҷеролд аврупоиён, аз ҷумла олмониён ба омӯзиши ва тарҷумаи ашъори Хайём диққати хоса доданд, ки то ҳол идома дорад. Ҳамин тавр, Соли 1873 Антон Эдвард Волҳайм 17 рубоиро тарҷума кард. Ин тарҷумон ҳам дар бораи тарҷумаҳояш ҳеҷ иттилооте надодааст. Соли 1874 Адолф Фридрих фон Шак маҷмӯаеро иборат аз 336 рубоӣ (30 рубоӣ аз нусхаи Фитсжералд)-ро аз Хайём таҷрума ва интишор карда, дар охирсухан маълумоти мухтасар дар бораи Хайём дода, инчунин мисраъ ва абёти душворфаҳмро шарҳу тавзеҳ кардааст.

 

Фридрих Боденштедт, соли 1881 467 рубоии Хайёмро тарҷума ва нашр кард, ки он аз даҳ боб иборат буда, ҳар боб дорои унвон ва зерфасл мебошад. Инҷо бояд зикр кард, ки дар тарҷумаи гуличини ашъори Ҳофиз низ ӯ ин принсипро истифода бурдааст. Оиди тарҷума сухан ронда, Боденштелт зикр мекунад ,ки на мазмун ва на сохтори рубоиёт ба таври шояду бояд дар тарҷума нигоҳ дошта намешавад. Инро ӯ пеш аз ҳама дар кӯтоҳбаёнӣ дар забони офрсӣ-тоҷикӣ мебинад ва таъкид мекунад, ки забони олмонӣ барои ифодаи он қодир нест, аммо ӯ кӯшидааст, то ҳадди имкон дар тарҷума сохтору мазмунро нигоҳ дорад.

Соли 1887 маҷмӯае бо номи «Денвони назми форсӣ» аз тарафи Юлиус Ҳарт ба табъ расид, ки дар он 48 рубоии Хайём дар тарҷумаи фон Шак, Ёзеф Кубат ва Воллҳайм ҷой дода шудаанд.

Бо оғози асри нав шӯҳрати Хайём дар Олмон боло рафтан гирифт. Мақолаҳои зиёде дар маҷаллаҳои маъруф ба табъ расиданд, ки дар онҳо ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт ва осори Хайём таҳқиқ шуда буд.

Соли 1902 Максимилиан Рудолф фон Шенк тарҷумаи 468 рубоии Хайёмро интишор намуд, ки дар асоси нашри дузабонаи фаронсавӣ-форсии Никола амалӣ шудааст. Шенк дар ин гузида дар бораи шеваи тарҷумааш маълумот дода, ҳадафи худро эҷоди нусхаи олмонии рубоиёти Хайём гуфтааст.

Соли 1908 Дитер Белман, чанде аз рубоиёти Хайёмро дар тарҷумаи озод интишор намуд.

Фридрих Розен соли 1909 гузидаи худро чоп кард, ки дар сарсухани он доир ба даврони зиндагии Хайём маълумот додааст. Ӯ дар баробари шароити таърихиву сиёсии замони Хайём ва илму андешаҳои ӯ дар бораи шинохти рубоиёти Хайём дар Ғарб андеша рондааст. Тарҷумаҳои худро Розен ба панҷ боб тақсим намуда, инчунин дар замима шарҳу тавзеҳотро илова кардааст. Маҳз пас аз ба табъ расидани тарҷумаи Розен ҳар тарҷума ва нашри рубоиёти Хайём дар Олмон вусъат ёфт ва ҳар тарҷумае, ки рӯи чоп меомад, тарҷумаи пешинаро комилтар мегардонд, яъне хатогиҳои пешина дар баъдина ба дараҷае ислоҳ карда мешуд.

Соли 1911 Ҳектор Прекони, соли 1912 Клабунд, соли 1913 Валтер Френсел ва соли 1930 Кристиан Ҳернҳолд Ремпис рубоиёти Хайёмро аз забони англисӣ, аз рӯи тарҷумаи Фитсжералд ба забони олмонӣ баргардонда, дар шакли маҷҷмӯа интишор намуданд. Дар байни ин тарҷумаҳотарҷумаи Клабунд хубар мебошад, зеро он ҳам аз назари сохт ва ҳам мазмун ба асл наздиктар аст. Макс Барт Соли 1923 гулчине аз рубоиёти Хайёмро аз англисӣ ба олмонӣ баргардон карда, дар муқаддимаи он усули тарҷумаи худро муфассал шарҳ медиҳад. Тарҷмаи Ремпис бошад насрӣ буда, ҳамроҳ шарҳу тавзеҳот мебошад. Ин гуна тарҷумаро тарҷумон дар он асоснок мекунад, ки танҳо ба воситаи ингуна тарҷума хонандаи олмонӣ метавонад андешаву баёни шоирро дуруст дарк кунад.

Соли 1921 Ҳанс Бетке маҷмӯаи худро аз Хайём чоп кард, ки он фарогири беш аз сад рубоӣ мебошад. Аз сабаби он, ки Бетке забони форсӣ-тоҷикиро балад набуд, ӯ аз тарҷумаҳои мавҷудаи олмонӣ ва англисӣ истифода бурдааст.

Соли 1937 Рудолф Бергер маҷмӯаеро аз Хайём тарҷума ва нашр кард. Бергер доир ба усули тарҷума сухане намеронад. Ӯ танҳо нусхаҳоеро, ки дар кори худ истифода бурдааст, номбар мекунад.

Дар замони ҳукмронии фашистон диққати олмониҳо ба Хайём кам шуд. Танҳо баъди аз оғози солҳои шастум олмониҳо боз ба Хайём рӯй оварданд ва боз тарҷумаҳои нав нашр шуданду то ҳол идома доранд. Ҳамин тариқ соли 1962 Бузург Алавӣ гулчинеро аз Хайём ҳамроҳи Мартин Ремане тарҷума карда, бо охирсухани Ян Рипка чоп кард. Соли 1968 бошад Вернер Зундерман ҳамроҳи Мартин Ремане маҷмӯаеро аз адабиёти классикии форсу тоҷик интишор мекунад, ки дар он панҷоҳ рубоии Хайём низ ҷой дода шудаанд. Дар охирсухани ин асар дар радифи маълумот дар бораи шоирон инчунин дар бораи таърихи тарҷумаҳои пешина ва тарҷумаҳои муаллиф сухан меравад.

Мануэл Зоммер соли 1976 гуличинеро аз Хайём тарҷума ва интишор кардааст. Сирус Отабой соли 1986 гузидаи рубоиёти Хайёмро аз забони форсӣ ба забони олмонӣ тарҷума кардааст.

Пурондухти Пироиш дар соли 1383 маҷмӯаеро аз 128 рубоӣ тарҷума карда бо дар якҷоягӣ бо матни асл нашр кард. Ин тарҷумон низ ба мисли Сирус Отабой аз он тарҷумонҳое аст, ки забони форсӣ-тоҷикӣ забони модариаш мебошад. Ӯ дар муқаддимаи китоби худ зикр мекунад, ки ҳадафи тарҷумааш ироа ва интиқоли андешаҳои Хайём ба забони олмонӣ мебошад.

Соли 1990 Катлин Гёпел тарҷумаи англисии Саид Умар Алишоҳро ба забони олмонӣ баргардон карда, мунташир намуд. Ду сол пас, яъне дар соли 1992, Хусрави Ноқид гулчини рубоиёти Хайёмро ҳамроҳ бо тарҷумаи олмонӣ чоп кард. Соли 1993 тарҷумаи Эрих Сурнер интишор шуд, ки дар асоси тарҷумаи англисии Фитсжералд анҷом дода шудааст. Соли 1999 Мартин Ромеч низ маҷмӯаеро аз рӯи нусхаи англисии Фитсжералд ба забони олмонӣ таҷрума ва нашр кард.

Ҷалол Рустами Гурон ҳамроҳ бо Людвиг Феэрбек 153 рубоии Хайёмро якҷоя бо тарҷумаи олмонӣ дар соли 2002 мунташир карда, дар сарсухани он оиди усули тарҷума ва тарҷумаҳои қаблӣ аз ҷумла тарҷумаи Шак, Розен сухан меронад. Бояд зикр кард, ки тарҷумаи озоди Рустамиро Феэрбек ба назм даровардааст. Дар интихоби рубоёт Рустамӣ ба Ҳидоят такя кардааст, зеро дар таҳияи китоб аз ду нусха истифода бурдааст ва интихоби худро бо он асоснок кардааст, ки барои муайян сохтани рубоёти Хайём бояд ба тарзи фикрронӣ ва фалсафаи Хайём такя кард.

Ҳамин тариқ рубоиёти Хайём тарҷумаи ба забони олмонӣ дар даҳаи дуюми асри XIX оғоз ёфта, то ба ҳол вобаста ба тағйироти таърихӣ ва иҷтимоӣ такроран тарҷума шуда истодааст ва айни замон зиёда за 30 тарҷумаи он мавҷуд аст. Дар тарҷумаи рубоёти Хайём ба забони олмонӣ эрониҳои олмонбош низ саҳми худро гузоштаанд, ки онҳо Сирус Отабой, Бузург Алавӣ, Пурондухти Пироиш ва Ҷалол Рустами Гурон мебошанд. Тарҷумонҳои Хайём вобаста ба он, ки аз кадом забон рубоиётро тарҷума кардаанд, ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: гурӯҳе, ки бевосита аз забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷукма кардаанд (Ҳаммер, Розен, Боденштедт, Отабой ва ғ.) ва таҷрумонҳое, ки аз забони аглисӣ, махсусан аз нусхаи Фитсжералд, тарҷума кардаанд (Ҳектор Прекони, Клабунд, Валтер Френсел, Кристиан Ҳернҳолд Ремпис).

Бештар мутарҷимон талош кардаанд, ки мафҳуми шеърро то ҳудуде ба забони мақсад интиқол диҳанд ва аз сӯйи дигар шакли зоҳирии рубоиро низ, ки сохтори ношинохта дар шеъри забони олмонӣ, ки ҳамон «aaba» аст, ба ин забон интиқол диҳанд. Дар шеъри олмонӣ қофияе 1 бо сохтори рубоӣ аст, шинохта шуда нест, аммо теъдоде аз мутарҷимоне, ки дар инҷо аз онҳо ном бурда шуда, талош намуданд ин сохторро дар тарҷумаҳояшон месозанд ва ба кор мебаранд. Ин мизони муодилсозӣ дар ҳама тарҷумаҳо яксон нест. Бархе бештар муҳтавои тарҷумаро ба матни аслӣ наздик кардаанд ва бархе дигар талош намудаанд ҳам мӯҳтаво ва ҳам сохтори шеърӣ, қофия, вазн ва оҳанги шеъри олмониро бар асоси асли форсӣ баргардонанд. Аз назар вазн ва оҳанги шеър низ ҳар чанд мутарҷимон бар он буданд дар риои қофияи ашъор, то ҳудуде ба оҳанги он низ таваҷҷуҳ намоянд, аммо чандон муваффақ набудаанд.

Масъалаи дигаре, ки дорои аҳамият аст, фосилаи замонӣ миёни тарҷумаҳост, ки миёни нахустин тарҷумаҳое, ки дар инҷо муаррифӣ гардида ва охирин о ниҳо наздик ба 200 сол ихтилофи замонӣ вуҷуд дорад, ки ҳамин мавзӯъ тавзеҳест барои бархе дар интихоби вожагон ва тафовут дар сохтори забонӣ ва дастурӣ. Аммо ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки дар тарҷумаҳои қадим, мутарҷимон талоши бештаре дар риояти нуктаҳои зебоишинохтиии ашъор доштанд. Тарҷумаҳои ҷадидтар дар бисёре мавридҳо гароиш ба тарҷума озод ва сабкҳои нав доранд.

Бар асоси назарияҳои тарҷума ва баррасиҳои ба амал омада, ошкор аст, ки тарҷумаи шеър аз наср ба маротиб душвортар аст. Дар барраси сохторҳои шеърӣ риоят радифу вазн ва оҳанги шеър дар намунаҳои зикршуда мушоҳида мешуд, ки бавижа риояти қофия ва оҳанги абёти тарҷума шуда, ба сохторӣ миёни ашъори форсӣ ва олмонӣ, дар забони олмонӣ бисёр душвор аст.

Одинаев Ф.Ф., муаллими калони кафедраи забони олмонӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj