• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Равобити судманд тақвият меёбанд

Ректори донишгоҳ Н.Салимӣ бо директори фонди Сулҳ ва Тараққиёти Ҷумҳурии халқии Хитой Тиан Тенг ва ҳамкоронаш вохӯрии судманд анҷом дод. Дар мулоқот муовини ректор оид ба таълим М.Нарзуллоев, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Р.Абдуллоева, муовини ректор оид ба илм А.Муллоев ва сармуҳосиби донишгоҳ Б.Боқилов ширкат варзиданд.

 

Дар оғози суҳбат ректор дар бораи сохтор ва фаъолияти донишгоҳ маълумот дод. Директори фонди Сулҳ иброз дошт, ки аз робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хитой хеле хурсанд аст ва қайд намуд, ки асоси пешрафти ҳар кишвар мактаб ва маориф мебошад. Аз ин рӯ, фонди мо тасмим гирифта, ки барои пешрафту такмили ин таълимгоҳ як миқдор маблағ ҷудо намояд.

Ректори донишгоҳ ба кадом самт сарф шудани маблағро зикр кард. Тибқи нақша ин маблағ дар чор шоха масраф хоҳад шуд:

1.Ҷиҳозонидани матбааи донишгоҳ бо навтарин дастгоҳҳои чопӣ.

2.Таъсиси маркази маълумотҳо.

3.Созмони 3 синфхонаи лингофонӣ.

4.Таъмини 52 кафедра бо ноутбук.

Тарафҳо дар ҳалли ин масъала бо ҳам мувофиқа карданд ва қарор шуд, ки қадамҳои дигар барои хариди таҷҳизот хоҳад буд. Пас аз анҷоми вохӯрӣ меҳмонон аз синфхонаҳои лингофонӣ, сехи дӯзандагии факултаи технология ва соҳибкорӣ дидан карданд. Лаҳзаи аз ҳама ҷолиб ин буд, ки меҳмонон ба синфхонаи дарсии чинӣ даромада, бо донишҷӯён суҳбат намуданд ва аз он ҷо бисёр шоду муассир берун шуданд. Ба меҳмонон ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳо супорида шуд.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj