• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

ШОҲҶОИЗА ВА ҶОЙИ ЯКУМ ДОНИШГОҲРО ДАР МАҚОМИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ““ТОҶИКОН” – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ” ҚАРОР ДОД
Возможно, это изображение 2 человека и текст «nmи Aap coли 2023 ACTA OBA y3ropии To4иKиcToH6a Homи 70000 To4и Tepuasi H00S4 #R»Дар озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” донишгоҳ ҷойи аввалро соҳиб шуд.
Маврид ба зикр аст, ки омӯзгори донишгоҳ Навраста Дӯстова соҳиби ШОҲҶОИЗА ва дар миёни донишҷӯён Дилшод Ниёзов –донишҷӯи курси 5-уми факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соҳиби ҷойи аввал дониста шуд.
Баъди ҷамъбасти озмуни мазкур дар донишгоҳ маросими қадрдонии соҳиби ШОҲҶОИЗА ва иштирокдорони озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор
гардид.
Маврид ба зикр аст, ки ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ба донишҷӯёне, ки дар озмунҳои мазкур
ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд ва онҳое, ки иштирок намуда, дар давраҳои шаҳриву ноҳиявӣ ноком гардиданд, ҳамзамон ба омӯзгороне, ки дар тайёр намудани иштирокдорони озмун саҳми назаррас доштанд, бо мукофотҳои пулӣ, аз ҷумла ба соҳиби ШОҲҶОИЗА ба маблағи 20 000 сомонӣ ва барои ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм ба маблағҳои 10 000, 7 000, 5 000, 3 000 ва 2 000 сомонӣ, инчунин баҳри ҳавасмандагрдонии иштирокдороне, ки дар давраҳои гуногуни озмун ноком гардиданд бо маблағи аз 1000 то 500 сомонӣ ва ба роҳбарони онҳо низ 5 000 сомонӣ тақдим намуд.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳамаи иштирокдорони озмунҳо дар умум ба маблағи зиёда аз 300 000 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj