• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
СОЛИ 2024 – “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”
(Бардошт аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023)
Санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки аз ҷониби Пешвои миллат соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд, чунки дар ин сол аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад ва ин ҷашн бояд бошукуҳ таҷлил карда шавад.
Воқеан қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар 6 ноябри соли 1994 ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд ва самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард. Арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин эътирофи гуногуншаклии моликият, махсусан моликияти хусусӣ аз ҷумлаи пешравиҳо мебошанд, ки заминаи рушди сифатан нави давлат ва ҷомеа гардиданд. Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробари шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии қонунгузории давлатҳо ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад. Сиёсати ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ (терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои хатарзо), ҳифзи фазои иттилоотии ҷумҳурӣ аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир равона карда мешавад.
Худ маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст. Инчунин, маърифати ҳуқуқиро метавон ба маънои маҳдуд ва васеъ баррасӣ кард:
- ба маънои маҳдуд, маърифати ҳуқуқӣ низоми муносибатҳоест, ки байни одамон ва ташкилотҳои гуногун дар натиҷаи ҳамкории дарозмуддати онҳо ташаккул ёфтааст. Табиист, ки ин гуна муносибатхо бо қонун танзим ва аз тарафи давлат ҳифз карда мешаванд;
- ба маънои васеъ ин мафҳум тамоми анбори донишҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад, ки инсоният пештар ҷамъ кардааст ва аз тарафи одамон дар ҳаёти харрӯза, дар муносибат бо ҳамдигар, дар меҳнат ва дигар соҳаҳо татбиқ карда мешавад. Ба ин маъно, маърифати ҳуқуқӣ асоси рафтори қонуншикании шаҳрвандон мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 аз 6 феврали соли 2018, №1005 баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шаҳрвандон оид ба муайян намудани мақсадҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо, воситаҳо, шаклҳои тарбияи ҳуқуқӣ баромад намуда, тавассути таъмини сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби ҳуқуқӣ, инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносони касбӣ амалӣ мешавад. Тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати тарбиявии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигар тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Ташаккули инсони комил истифодаи якҷояи ҳамаи намудҳои тарбияро талаб мекунад. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад.
Сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқӣ ҳалли вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд: тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносӣ касбии баландихтисос, ки барои фаъолияти ҳуқуқӣ дар шароити вусъати равобити байналмилалӣ омода мебошанд, такмили сиёсати таҳсилот дар соҳаи тарбияи кадрҳои ҳуқуқшинос, баланд намудани сатҳи донишомўзии ҳуқуқи байналмилалӣ бо дар назар доштани дурнамои ҳалли бахсҳои ҳуқуқӣ дар судҳои байналмилалӣ, такмили тахассус пас аз гирифтани таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, омода намудани кадрҳои дорои донишҳои махсуси иттилоотӣ дар шароити васеъ шудани иттилои ҳуқуқӣ, таҳдидҳо ба амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ, тарбияи кадрҳои нави ҳуқуқшиносон, ки барои кор дар шароити роҳандозии ҳукумати электронӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар амалияи ҳуқуқшиносӣ омодаанд, мустаҳкам намудани унсурҳои иттилоотӣ ва технологии сиёсати таҳсилот бо дар назар доштани ворид шудани технологияҳои иттилоотӣ дар амалияи ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани махзани иттилоотии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, иттилоъгардонии фаъолияти судӣ, тафтишотӣ, мурофиавӣ, оперативӣ-ҷустуҷўӣ, иттилои ҳуқуқӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ.
Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобаста мебошад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ, инчунин дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос намояд.
Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ андешидани чораҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
-ҷоннок кардани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;
-таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ;
-ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;
-таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир кардани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзўр кардани назорати ҷамъиятӣ.
Дар заминаи дастури супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ин ҷашнҳо дар кишвар ба сомон расонидани корҳои зерин саривақтӣ мебошад:
1. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Дар кулли донишгоҳҳо нақшаи баргузории ҳамоишҳои илмии сатҳи гуонгун бахшида ба соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30 солгарди қабули Конститутсияи ҶТ тасдиқ карда шавад.
3. Барномаҳои телвизионӣ аз ҳисоби омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳои дорои ихтисоси ҳуқуқшиносӣ дар давоми сол бахшида ба ин ҷашнҳо ҳар ҳафта баргузор карда шавад.
4. Озмуни ҷумҳуриявӣ дар соҳаи ҳуқуқ ба мисли “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” бахшида ба ин ҷашнҳо ташкил карда шавад.
5. Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ фанни ҳуқуқ ворид карда шавад.
6. Конститсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида, ба ҳар як оилаи кишвар ройгон тақсим карда шавад.
Сангинзод Д.Ш.,
муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj