• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Таҷлили бошукӯҳи солгарди устод Айнӣ

Бахшида ба Рӯзи илм ва 140-солагии муаррих, нависанда, шоир, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ 15-уми апрел конференсияи илмӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ меҳмонон аз Донишгоҳи миллӣ, докторони илм, профессорон А.Кӯчаров, А.Маҳмадаминов, Н.Ҳотамов ва дигар донишмандони макотиби олии пойтахт иштирок намуданд.

Дар оғоз ректор, академик Н.Салимӣ аз саҳми устод С.Айнӣ дар рушди адабиёт ва хидматҳои ӯ барои миллати тоҷик нутқи пурмуҳтаво кард.

Сипас, доктори илмҳои таърих, прфессор Ҳ.Пирумшоев доир ба фаъолияти муаррихии Садриддин Айнӣ ибрози андеша намуда, зикр кард, ки устод вазъияти Осиёи Миёнаро борикбинона ва дақиқ дар китобҳояш ба қалам додааст.

Дар идомаи А.Кӯчаров дар мавзӯи «Вижагиҳои афкори педагогии Садриддин Айнӣ» маърӯза кард. Мавсуф қайд намуд, ки С.Айнӣ аз рафти дарсҳои мактабҳои усули нав ва таълимгоҳҳои Шӯравӣ ба пуррагӣ огаҳӣ дошт ва доир ба таълиму тарбия андешаҳои ҷолиб иншо намудааст. Устод усули ҷазои ҷисмониро, ки дар мадрасаҳо роиҷ буд, сахт маҳкум мекунад.

Маърӯзаи Н.Ҳотамов ба мавзӯи гузаштан ба хати лотинӣ, ки баъзе бадхоҳон дар он Айниро гунаҳгор медонанд, дахл мекард. Н.Ҳотамов бо далелҳои қотеъ исбот намуд, ки ҳамаи ин суханон дар ҳақи устод буҳтонанд.

Меҳмонони дигар низ доир ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ки ӯро Бобоҷон Ғафуров падари миллат номидааст, суханҳои судманд гуфтанд.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj