• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Қатли мусалмон ҷиҳод нест

Ҳафтаи сипаришуда вохӯрии донишҷӯён бо раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизуллои Файз ва сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Мустафоқулзода баргузор гардид.

Ректор, академик Н.Салимӣ ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз мулоқотро ташреҳ бахшид.

Сипас, С.Абдуқодирзода дар бораи танзим ва зарурати омӯхтани илми динӣ ва дунявӣ суханронӣ кард. Аз ҷумла, бо ояву ҳадисҳо фарз будани омӯхтани илмро шарҳ дод. Мавсуф қайд намуд, ки беҳтарин мазҳаб мазҳаби Имоми Аъзам аст, зеро мазҳаби эътидол аст ва мо пайрави он ҳастем. Мазҳабу равияҳои мухталифи дигаре, ки имрӯз дар ҷаҳон пайдо шудаанд ва зери ливои ислом меҷанганд, ҷуз тафриқаандозӣ мақсади дигаре надоранд ва ҷавонон ба ин гурӯҳҳо шомил шуда, дунёву охирати худро аз даст медиҳанд. Ислом поктарин дин аст ва ҳеҷ гоҳ рехтани хуни мардуми мусалмон ва бегуноҳонро иҷозат намедиҳад.

Раиси Шӯрои уламо мафҳуми вожаи «таваккал»-ро, ки мардуми тоҷик дар корҳо бештар ба он такя мекунанд, шарҳ дод. Яъне, шахс бояд ҳар чизи аз дасташ меомадаро анҷом диҳад ва баъдан, ба Худо таваккал кунад. Мавсуф ташхиси тиббии пеш аз никоҳро иқдоми хуб арзёбӣ намуд.

Дар идома А.Мустафоқулзода арз кард, ки қариб 200 нафар аз ҷавонони ҷумҳурии мо ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудаанд, ки боиси нигаронист. Сабаби ин тарбияи нодурусти ҷавонон мебошад, ки албатта, ба ин падару модар низ гунаҳкоранд. Ба гуфтаи А.Мустафоқулзода, фарзанд дар се муҳити ба ҳам пайваст-оила, мактаб ва ҷомеа тарбия меёбад. Агар дар яке аз ин се раванд халал ворид шавад, ба роҳи нодуруст рафтани фарзанд аз эҳтимол дур нест.

М.Файз дар масъалаи харҷи беҳудаи ҷавонон дар тӯю маъракаҳо, аз қабили даъвати ҳофизони шинохта, ҷиҳози арӯсии ориятӣ ва забҳи чанд чорво, ки барои соҳибҷашнон паёмадҳои нохуб дорад, сухан гуфт.

Дар фарҷом ректор ба меҳмонон барои ташрифашон миннатдорӣ баён намуда, вохӯриро ҳусни анҷом бахшид.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj