• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Маколаҳо

НЕКСИРИШТ

На ба ҳар олими муваффақ муяссар мегардад, ки омӯзгори воломақом бошад ва на ба ҳар омӯзгори соҳибсухан имкон даст медиҳад, ки муҳаққиқи чирадаст гардад. Тамоми олимони закӣ ва омӯзгорони хушсалиқа дар орзуи чунин истеъдоду маҳорати тавъаманд. Хуш ба ҳоли олиме, ки дар баробари қалами хуб, соҳиби нутқи хуб аст ва ба шогирдону толибилмон илмашро бо ду роҳ: қалам ва сухан дода метавонад. Чунин олимони омӯзгори арастусифату буалимашраб ангуштшуморанд. Вале дар ҷомеа чунин ашхос ҳамчун машъалафрӯзи башар буданду ҳастанд ва хоҳанд буд. Дар ҷомеаи гузаштаю имрӯзаи мо низ чунин омӯзгорони олим будаанд, хусусан дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон.
Дар қатори олимони дақиқназар ва омӯзгорони суханвар метавон устоди зиндаёд, профессор Шокир Мухторро ном бурд. Ин донишманди закӣ ва омӯзгори камназир дар умри кӯтоҳи худ роҳи садсоларо тай карда, пастию баландиҳои зиндагиро бо муросою мадоро паси сар намуда, сафинаи ҳаёташро, ба қавли худаш, ба соҳили мурод расонидааст. Барои расидан ба мақоми баланди омӯзгорию олимӣ, ба мушкилиҳои табиию сунъии зиндагӣ тан надода, афтону хезон ба сӯи қуллаи мурод ва ҳадафҳои нозпарварди даврони кӯдакию наврасиаш қадам задааст. Ҳанӯз дар даврони наврасӣ, ки беҳтарин давраи бозию шӯхӣ, рушди ҷисмонию ақлонӣ ва шаклгирии хусусиятҳои шахсии инсон аст аз падар ятим монда, бори вазнину сангини оила бар дӯшаш монд. Ҳамроҳ бо модари дилсӯз барои таъмини оила ва бародарону хоҳарони хурди худ мунтазам заҳмат кашида, ин навраси ниёзманд корҳои сангини ҷисмониро чун мардони рӯзгордида анҷом медод. Вале руҳи шикастнопазири ӯро сахтиҳои зиндагӣ шикаста натавонист. Ӯ талхиҳои зиндагиро ҳанӯз барвақт, дар синни наврасию ҷавонӣ чашида, ояндаи дурахшонро танҳо дар омӯзиши дониш медид. Дар сар мудом орзуи омӯхтани илму фанро мепарварид ва ҳамвора вақт ёфта пайваста мутолиа мекард.

 

Пас аз хатми мактаб ба шаҳри Душанбе, ба Донишгоҳи омӯзгорӣ омад, вале боз дари бахт ба рӯяш боз нашуд. Мушкилоти рӯзгор нагузоштандаш, ки саривақт ояд, дер омада буду муҳлати ҳуҷҷатсупорӣ ба донишгоҳ кайҳо ба итмом расида. Касе ҳам надошт, ки ба додаш бирасад ва роҳи дигареро барояш пайдо кунад, то як соли умри азизаш бар ҳадар наравад. Вале мутаассифона нашуд, ки нашуд. Боз ин ҷавони сарсахт аз пайи ҷустуҷӯи кор шуд ва дар корхонаи “Яхдонсозӣ”-и шаҳри Душанбе коре пайдо намуд, то дастмояи рӯзгораш шавад. Ҳамзамон дар назди Донишгоҳи омӯзгорӣ ба омӯхтани дарсҳои тайёрӣ барои супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ азм кард.

Соле баъд имтиҳоноти дохилшавиро бо муваффақият супорид ва донишҷӯи шуъбаи навтаъсиси забони франсавӣ гардид. Аз ин замон дари бахту саодат ба рӯи ин ҷавони деҳотӣ ва азияткашида кам-кам боз гардидан гирифт. Дар донишгоҳ бо баҳои аъло мехонд, аз донишаш, ҳӯшмандию зиракиаш ва нутқи буррою ҳақиқатгӯию ҳақҷӯиаш ҳамсабақону омӯзгоронаш дар ҳайрат буданд. Аз дигар ҳамсабақонаш, ки нав аз домани модару оѓӯши падар раҳо гардида буданд, дар дарку фаҳми масоили таълимию тарбиявӣ ва зиндагӣ ба куллӣ фарқ мекард. Чунки дар давраи наврасию ҷавонӣ аллакай зиндагиро хуб таҷриба кардаву мизони ақлаш сайқалдида буд. Донишгоҳро бо дипломи аъло хам намуд. Ба таҳқиқот майли беандоза дошт. Устодонаш, ки аксаран мутахассисони рус ё русзабон буданд савияи донишашро ба назар гирифта, ӯро дар кафедраи забони фаронсавӣ ба ҳайси лаборант ба кор қабул намуданд. Пас аз як соли лаборантӣ ба адои хидмати ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС даъват гардид. Пас аз адои хидмати ҳарбӣ боз ба донишгоҳ омад ва акнун ба сифати ассистенти кафедра ба фаъолият шуруъ намуд. Пас аз чанде аспиранти шуъбаи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИҶТ гардид ва соли 1980 дар Шурои илмии ҳами институт рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Таърихи омӯзиш ва тарҷумаҳои “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ дар Фаронса» бо муваффақият ҳимоя намуд. Баъдан сазовори унвони илмии дотсентӣ низ гардид.

Пас аз ба даст овардани дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ доираи таҳқиқоташро васеъ гардонида, ба хотири дарёфти дараҷаи баланди илмӣ роҳ сӯи Пажуҳишгоҳи адабиёти ҷаҳони ба номи М. Горкийи ш. Маскав гирифт. Соли 1990 дар Шурои ҳимояи рисолаҳои доктории ҳамин пажуҳишгоҳ, дар мавзуи «Назми классикии форсу тоҷик дар Фаронса: масъалаҳои омӯзиш, тарҷума ва таъсир» дар мисоли эҷодиёти Фирдавӣ, Хайём ва Ҳофиз рисолаи докторӣ дифоъ намуд.

Аз соли 1987 то охирин лаҳзаи ҳаёти худ (14.02.2004) сарварии кафедраи забони франсавиро бар уҳда дошт. Солҳои 1995-1999 дар вазифаи декани факултети забонҳои романӣ-германӣ низ кор кард, вале дар маркази таваҷҷуҳи ин олими нуктасанҷ на вазифа, балки пажуҳиш қарор дошт. Солҳои охири умр мудом ва бо таассуф аз умри дар давраи вазифаи деканӣ бар абас рафтаи худ ҳасрат мехӯрд. Ҳарчанд вазифаи деканӣ барои пешбурди таҳқиқоташ монеа мегузошт, вале дар он давраи вазнин барои омӯзгорону донишҷӯён декане чун Шокир Мухтори доною сахтгир ниёз дошт. На ҳар кас дар ин айёми аз ҳар ҷиҳат вазнини ҷанги шаҳрвандию пасазҷангӣ аз уҳдаи чунин вазифа ба хубӣ баромада метавонист. Соли 1991 бо қарори КОА-и СССР ба унвони профессорӣ ҳам мушарраф гардида буд.

Раванди фаъолияти илмию таҳқиқотии устод Шокир Мухтор хеле васеъ аст. Номбурда нахуст ба таҳлили осори донишмандони франсавӣ перомуни эҷодиёти адибони классику муосири тоҷик таҳқиқот бурда, баъдан таҳлилу тарҷумаҳои фаронсавии осори суханварони пешину муосири тоҷикро мавриди омӯзиш қарор дода, сониян ба муайян намудани саҳми суханварони Аҷам дар бунёду пешрафти адабиёти фаронсавии асрҳои XVII-XX пардохта, солисан ба тадқиқи масаълаи пайвандҳои адабии Шарқу Ѓарб, пажӯҳиши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Фаронса дар замони муосир (солҳои 1920-1990) пардохта, робеан ба тарѓиби адабиёти Фаронса дар Тоҷикистон; нишон додани саҳми мусташриқон ва адибони Фаронса дар боби омӯзиш ва тарҷумаи осори суханварони тоҷик, ҳамчунин омӯзиши тарҷумаҳои осори шуарои муосири тоҷик дар лафзи русӣ, тадқиқи тарҷумаҳои русии осори суханварони Аҷам ва билохира, пажӯҳиши масъалаи таъсири шуарои Аҷам ба шеъри дунё ва ѓайра таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.

Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии ин олими борикбин буд, ки дар давоми умри начандон тӯлонии буаливори худ корҳои илмии зиёдеро ба анҷом расонид ва ин осор дар бештар аз 20 китоби таҳқиқотию таълимӣ ва таҳиявӣ ва бештар аз 300 мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ, илмӣ-оммавӣ акс ёфтаанд. Осораш дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Фаронса, Олмону Россия ва Афѓонистон, интишор шудаанд.

Профессор Шокир Мухтор дар омода намудани мутахассисони илмиву омӯзгорӣ саҳмгузор буд. Ба мушкилоти солҳои 90-ум нигоҳ накарда, таҳти роҳбарии ӯ 5 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карданд. Ба рисолаҳои номзадӣ ва доктории чанде дигар муқарризи расмӣ буд. Ӯ дар Анҷуману симпозиумҳои байналхалқӣ (Париж, Маскав, Теҳрон, Тошканд, Душанбе) ва ҷумҳуриявӣ бо маърузаҳои илмӣ баромад кардааст.

Самти дигари фаъолияти профессор Шокир Мухтор тарҷумаи осори адабию илмӣ низ буд. Тарҷумаи осори адибону мутафаккирон аз забони франсавӣ ба забони тоҷикӣ (Ш. Перро, А. Пурра, И. Траоре, Андешаҳои Напалеон ва Балзак) низ ба қалами номбурда мутааллиқанд.

Профессор Шокир Мухтор аввалин олим аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки сазовори Палмаи тиллоии Академияи Фаронса гардидааст. Шодравон дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ҳам буд.

Беҳтарин намунаҳои осораш: «Адабиёти тоҷик дар Фаронса», «Франция читает «Гулистан»», «Замон ва тарҷумон»  «Фирдавсӣ дар шеъри дунё», «История развития французской научной иранистики», «Шуҳрати Румӣ дар Фаронса», «Мақолот», «Таджикско-персидская классическая поэзия во Франции», «Фарҳангӣ тоҷикӣ-фаронсавӣ» ва ѓайраҳо мебошанд.

Ин қаламкаши тавонои роҳи илм дар баробари ҳама таҳқиқоташ омӯзгори нотакор буд. Дониши илмиаш нутқи ӯро таҳти тасарруфи худ дароварда, дониши забонҳои русию франсавиаш ба нутқи вай фасоҳати дигар мебахшид. Дар рафти дарс дар баробари баррасӣ ва пешкаш намудани маводи фаровони илмӣ, бо истифода аз факту далелҳои муътамад бо забонҳои русию фаронсавӣ суханашро дар доираи ин ё он масъалаи илмӣ муқоисаю муқобала мекард, ки бо ин усул донишҷӯён ба умқи маводи омӯхташаванда сарфаҳм рафта, мавзуи дарсро ба таври бояду шояд дарк менамуданд.

Устод Шокир Мухтор олим-омӯзгоре буд, ки ҳақро ҳақ мегуфту ботилро ботил ва рисолати мантиқии ҳар як муҳаққиқи омӯзгор бояд ҳамчунин бошад. Вай барои ҳақиқат, адолат ва инсоф муборизаи беамон мебурд. Барои гуфтани ҳақиқат аз касе ё чизе ҳазар надошт. Дар таҳқиқоташ, дар фаъолияти педагогиаш ва дар зиндагии шахсиаш ҳақ меҷусту ҳақ мегуфт. Бешубҳа ин принсипи асосии ӯ дар зиндагӣ буд. Озодии инсонро дар дониши он медид ва мудом мегуфт, ки «инсони донишманд озод аст, аз касе ва чизе тарс надорад, вале инсони бесавод ҳамеша пойбанд ва дар тарсу ҳарос аст». Новобаста аз он ки ҳақиқатро дар рӯй мегуфт ва албатта “ҳақиқат талх аст”, вале дар дӯстӣ бовафо буд. Намегузошт, ки ба пои дӯст хор халад, дӯстонро, на фақат дӯстонро, балки бечорагону дармондагонро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекард. Дар зиндагӣ устод оптимист буд, ба мушкилоти солҳои 90-ум нигоҳ накарда, омӯзгоронро ҳамеша руҳбаланд мекард, онҳоро ба сабру тоқат, меҳнати ҳалол ва ояндаи нек бовар мекунонд.

Вале ҳодисаҳои мудҳиши солҳои 90-ум ба табъу завқи ин зиёии назарбаланд бе таъсир намонд. Беадолатиҳои замон, бераҳмию қатлу куштор, беинсофии як қатор, хору зор гардидани халқи тоҷик дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ ӯро дубора ҳамон ятими нотавони давраи наврасиаш кард, балки бадтар аз он. Чунин оташи яъсу навмедӣ ботинан ҷону танашро месӯхт. Устод дигар руҳафтода гардид, аз гирудори зиндагии нобасомон ва бераҳм сахт хаста шуд. Вале ин яъсу навмедиро аз дӯстону ҳамкорон пинҳон медошт, то ба руҳияи онҳо таъсири манфӣ нарасонад. Боқии умри азизи хешро ба таҳқиқот бахшид ва бештар дар дунёи ботинии маънавии худ зиндагӣ ихтиёр карда, аз олами ѓаддор безор шуд. Дар айни камолоти эҷодӣ ва беҳтарин давраи зиндагӣ, дар синни 58 солагӣ худро пири заифу нотавону нолозим дарёфт ва ба зиндагии бераҳм, ҳарчанд дар сар ҳанӯз ҳавои таҳқиқоти зиёдеро дошт, бо ҳазор ҳасрату алам падруд гуфт.

Ин шабу рӯзҳо аз даргузашти устоди зиндаёд ва нексиришт  аллакай 20 сол сипарӣ мешавад, вале номи неки устод, кору фаъолият ва осори илмиаш ҳанӯз дар дилу дидаҳо побарҷост, балки ҷовидонист.

Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.

Соқӣ Султонзода – мудири кафедраи забони франсавии ДДОТ ба номи С. Айнӣ, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Фаронса», доктори илмҳои фалсафа, профессор.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj