• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
МАФҲУМ ВА УНСУРҲОИ ТАРКИБИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР СЕМИНАРИ ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА
Возможно, это изображение 11 человек, люди учатся и текст20-уми феврали соли 2024 бо иштироки мутахасиси соҳаи ҳуқуқшиносӣ, муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ, проффесор Сангинзод Дониёр ва устодону донишҷӯёни факултети математика ва информатика семинари илмӣ зери унвони “Мафҳум ва унсурҳои таркибии маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.
Нахуст декани факултет Зеваршоев Умар семинарро оғоз намуда, роҷеъ ба аҳамияти низоми ҳуқуқӣ дар фаъолияти ҳаррӯзи шаҳрвандон суханронӣ намуда қайд кард, ки маърифати ҳуқуқии мову шумо бояд баланд бошад, вобаста ба эълони соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” моро зарур аст, ки аз
санадҳои меъёрии ҳуқуқии аввалия огоҳ шуда, ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шазхсӣ ва фикрии худ омода бошем.
Сипас нақши калидӣ доштани маориф дар рушди соҳаҳои давлатдорӣ ва мафкурасоз будани омӯзгор аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа шуда, иттилоъ доданд, ки пешрафти самтҳои муҳими ҷумҳурӣ аз ҳамин самт маншаъ мегирад ва мо омeзгоронро лозим аст, ки донишҳои замонавиро дар ин самт хуб аз бар намуда барои татбиқи он дар истеҳсолот саҳмгузор бошем.
Сипас, проффесор Сангинзод Дониёр мавзӯи семинариро пурра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, нуқтаҳои муҳимро оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, хусусан омӯзгорон ибрози назар намуд. Аз ҷумла таъкид дошт, ки оид ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ бо назардошти ақидаи олимон мафҳумҳои гуногун баён шудаанд. Барои дарки ин мафҳум, яъне маърифати ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ чанде аз ин мафҳумҳоро шароҳу тавзеҳ дод, инчунин мазмуни маърифати ҳуқуқии шахсиро чунин баён намуд: шуури ҳуқуқӣ ва тафаккури ҳуқуқӣ; рафтори ҳуқуқӣ; натиҷаи онҳо. Маърифати ҳуқуқии шахс ба раванди ташаккули услуби рафтори ҳуқуқӣ, ки вобаста ба омилҳои зерин ташаккул меёбад, мусоидат мекунад: дараҷаи азхудкунӣ ва зуҳури арзишҳои маърифати ҳуқуқии ҷомеа; хусусиятҳои фаъолияти касбӣ; нотакрор будани фардияти эҷодиёти шахс маҳсуб мешавад, баён карда шуд.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj