• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ 2 МУАССИСАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ИМЗО ШУД

Имрӯз 12 – уми марти соли 2024 миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Термези Ҷумҳурии Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Санади муҳими ҳамкорӣ аз тарафи Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Ҳасанов Азизбек Бахтиярович, ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Термез ба таври маҷозӣ ба имзо расонида шуд.
Ёддошти мазкур акнун имкон медиҳад, ки ҳамкориҳоро дар заминаи табодули академӣ, курсҳои такмили ихтисос, ташкили барномаҳои таҳсилотии муштарак, даъвати профессорон ба муассиса, баргузор намудани форуму конференсияҳо, инчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ ва амсоли инҳо ба роҳ монда шавад.
Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ феълан ҳамкориҳои судмандро бо 111 муассисаҳои олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ дар самти илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангӣ ба роҳ монда, тасмим дорад, ки дар оянда ҳамкориро бо муассисаҳои бунуфузи дунё тавсеа бахшад.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj