• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ташреҳи қавонини муҳим ба ҷавонон

Кормандони Мақомоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бинои асосии донишгоҳ бо донишҷӯёну устодон мулоқот анҷом доданд. Дар ҷамъомад муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Коллегияи ҳарбӣ, генерал-майори адлия А.Сатторзода, раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олӣ Т.Қодирзода, судяҳои Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ, полковникҳои адлия Н.Ҳасанзода ва А.Шарифов ширкат варзиданд.

Нахуст ректор, академик Н.Салимӣ меҳмононро муаррифӣ намуд.

А.Сатторзода дар рафти суханронии хеш вобаста ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумоти муфассал ироа кард.

Баъдан, Т.Қодирзода дар мавзӯоти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, савияи дониш ва ҳисси ватандӯстии донишҷӯён, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, эҳтироми қонунгузории амалкунанда ва арзишҳои миллӣ, инчунин, назорат ва пешгирии ҳолатҳои бо нақлиёти шахсӣ, телефонҳои мобилӣ ва сару либоси ғайритавсиявӣ ба дарс ҳозир шудани донишҷӯён суханронӣ намуд. Ӯ, аз ҷумла, қайд кард, ки падару модароне, ки зидди таҳсили умумии фарзандон гардидаанд, зиёда аз 100 нафарро ташкил медиҳанд, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Дар охир оид ба масоили доғи рӯз саволу ҷавоб баргузор гардид.

Парвина Абдуллоева, магистр ва Саидбек Гадоев, донишҷӯ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj