• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ ОҒОЗ ГАРДИД!
Возможно, это изображение 7 человек, помост и текст
Имрӯз, 15-уми апрели соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфренсияи илмӣ-назариявии профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” ва ба ифтихори Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Конфренсияи мазкурро Дониёр Сангинзод, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ифтитоҳ намуда, Айнуллозода Наҳтулло, муовини аввали ректор зимни ироаи сухани муҷаддимавии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих Аҳлиддин Ибодуллозода хамагонро барои иштирок дар ин чорабинии илмӣ изҳори ташаккур кардаву барои идома додани конференсия дар зарфи рӯзҳои муайянгардида, ба аҳли толор барору комёбӣ орзу намуд.
Сипас, баромадкунандагон сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимӣ Мирзотоҳир “Бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ноиби президенти АМИТ д.и.с., узви вобастаи АМИТ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар мавзуи “Хавфҳои репутатсионӣ ҳамчун усули шахсияти сиёсӣ”, Академики АМИТ д.и.ф.м., Шабозов М.Ш., дар мавзӯи “Наздиккунии беҳтарини функсияҳо ба воситаи сплайтҳо”, д.и.с., професссор Қозиён Ш.Қ., дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеа”, Алимов Алексей Ростиславович –д.и.ф.м., профессори ДДМ ба номи Ломоносов дар мавзӯи “Чибишёвские множество, составление из объединения плоскосте” бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои хеш дар қисмати пленарии конфронс баромад намуда, атрофи мавзуъҳои муҳимму саривақтӣ изҳори назар намуданд.
Конфренсия дар толори бинои асосии донишгоҳ баргузор гардида, то 20 апрел дар бинои мазкур ва дигар кафедраҳову факултетҳои донишгоҳ вобаста ба самтҳои фарогири худ идома хоҳад ёфт.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj