• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Робитаи ҳамкорӣ густариш меёбад

Ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ бо роҳбари лоиҳаи TEMPUS Мауритсио Марчессе ва намояндаи он Чиордано Гратсиано мулоқот анҷом дод. Дар оғоз сарвари маърифатгоҳ Н.Салимов дар хусуси ҷараён ва низоми таълим сухан гуфта, аз ҷумла, қайд намуд, ки дар донишгоҳ алъон ду зинаи таҳсилот-бакалавр ва магистратура ҷорист ва зинаи дигари таҳсилот-доктор phd ба тозагӣ таъсис ёфт.

 

Ректор дар идома, инчунин, зикр кард, ки таълимгоҳи мо дар марҳилаи гузариш қарор дорад ва ҳам аз низоми аврупоӣ ва ҳам анъанавӣ истифода мешавад.

Дар такя бар қавли ректор, дар низоми кредитӣ қисми зиёд барои кори мустақилонаи донишҷӯ ихтисос шудааст, аммо раёсати донишгоҳ наметавонад, ки ин амалро ба таври дилхоҳ ва самаранок роҳандозӣ намояд. Яъне, кори мустақилонаи донишҷӯро наметавон ба таври бояду шояд дар низом ворид кард. Дар ин самт машварат ва дастури меҳмонон ниҳоят зарур ва саривақтӣ мебошад.

Н.Салимӣ, ҳамзамон, таъкид дошт, ки дар ҷодаи автоматикунонии раванди таълим низ мушкилот ҷой дорад. Масалан, раёсат мехоҳад, ки ҷамъбасти ҳаррӯзаю ҳар ҳафтаинаи ҷараёни таълимро дар даст дошта бошад, вале барои амалигардии ин иқдом неруи зиёди корӣ лозим аст. Аз ин рӯ, тариқи автоматӣ ба роҳ мондани назорати раванди таълим судманд мебошад.

Инчунин, зимни суҳбат таъкид гардид, ки метавон дар ҷодаи таҳсили фосилавӣ равобити устувори ҳамкориро ба роҳ монд.

Мавриди зикр аст, ки пас аз мулоқот меҳмонон ба факултаи математика рафта, аз ҳолати кории тахтаи электронӣ ва компютерҳои тақдимкардаашон дидан карданд.

Бахтиёри Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj