• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Дар партави Паём

Шурӯъ аз 26- ум то 28-уми январи соли равон бо ташаббуси шуъбаи тарбия таҳлил ва баррасии Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаи донишгоҳ сурат гирифт. Омӯзгорони кафедраи сиёсатшиносӣ ва таърих маърӯза карда, моҳияти Паёмро ба донишҷӯён тавзеҳ бахшиданд

. Аз ҷумла, омӯзгор Ш.Бердиев аз қисматҳои гуногуни Паём ёдовар шуда, қайд намуд, ки стратегияи асосии давлат баромадан аз бунбасти иқтисодӣ ва таъмини мардум бо ғалла, сабзавот ва маҳсулотҳои хоҷагии халқ мебошад. Мавсуф таъкид кард, ки ҳар як шахс бояд Паёми Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмонро дуруст таҳлил карда тавонад.

 

Саодат Ахиева, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ аз нақши Президент дар муаррифинамоии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сухан кард. Ҳамчунин, ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро, ки дар Паём зикр гардидааст, тавзеҳ бахшид. Бино ба гуфти ӯ пайвастшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо аз он сабаб аст, ки дониши мукаммали диниву сиёсӣ надоранд ва ҳодисаву воқеаҳоро амиқ таҳлил карда наметавонанд. Аз ин рӯ, бозичаи дасти дасисакорон гардида, ҳаёти худ ва наздиконро зери хатар мегузоранд.

Омӯзгори факултаи таърих Фаридун Давлатов бошад, дар маърӯзаи худ ба паҳлуҳои дигари Паёми имсолаи Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дахл кард.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj