• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Паём-раҳнамои оянда

Паёми имсолаи Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавриди таҳлили ҳамаҷонибаи аҳли зиё қарор гирифт. Дар донишгоҳи мо низ 27-уми январи ҳамин сол ҷамъомади ботантана доир ба ин мавзӯъ баргузор шуд. Нахуст ректори таълимгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ аз моҳияти Паём ва масъалаҳои дар он зикргардида маълумоти муфассал дод.

Сипас, Н.Убайдуллоев номзади илмҳои таърих зимни маърӯзаи хеш зикр намуд, ки соли 2015 якчанд чорабиниҳои фарҳангӣ ба монанди 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 3000-солагии Ҳисори Шодмон гузаронида шуданд, ки барои бедор кардани ҳувияти миллӣ дар вуҷуди ҷавонон нақши муассир доранд. Номбурда қайд кард, ки дар Паёми имсола ба масъалаи амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва комуникатсионӣ диққати махсус дода шудааст. Барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ маоши кормандони муассисаҳои маориф, ба шумули муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ аз 1-уми июли соли 2016 музди меҳнат 20 фоиз зиёд карда мешавад. Идрорпулии донишҷӯён низ 30 фоиз баланд бардошта мешавад.

 

Ш.Бердиев, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ дар баромадаш таъкид кард, ки ҳар як зиёӣ барои обод кардани Тоҷикистони азиз бояд саҳмгузор бошад.

Дар фарҷом ректори донишгоҳ ба ҳамагон барои  татбиқи Паём дар ҳаёти ҳаррӯза муваффақият орзу намуда, гуфт, ки мову шумо бояд фарзандонро дар роҳи дуруст тарбия намоем, то номбардори миллату давлат бошанд.

И.Қосимов

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj