• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Озодиҳои инсонро сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тахассусӣ аз маҳдудшавӣ бозмедоранд

Бобоҷони Ҷӯразода,

омӯзгор

Созмони байналмилалии ғайридавлатии бо ном дифоъи ҳуқуқи башар (Amnesty International) дар торномаи худ ҳамарӯза маводи хусусияти ба низоъ барангехтан, халал ворид кардан ба ваҳдати миллӣ, ноором кардани амнияту суботи кишвар  ва олудаи ғояҳои ифротгароӣ намудани мафкураи аҳолии кишвар, бахусус ҷавонони тоҷикро ба нашр расонида, ҷонибдорӣ аз он ашхосе, ки нисбати Ватан, Тоҷикистони азиз хиёнатро арзанда диданд, сатҳӣ ва бе шарҳи воқеӣ иттилоъро пахш мекунад, ки гӯё дар Тоҷикистон озодии баён, хуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ба шиддат маҳдуд шуда, таъкиб ва террори гуногунандешону мухолифин рӯз ба рӯз афзоиш меёбад ё худ имрӯз дар Тоҷикистон шиканҷаву нақзи ҳуқуқ густариш ёфтааст. Бахусус, боздошти роҳбари созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов, қатли роҳбари «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов, маҳрум шудани ҲНИТ аз ду курси дар парлумони кишвар, созмони террористӣ эълон карда шудани ҲНИТ, фирорӣ гардидани Муҳиддин Кабирӣ, қатли муовини собиқи вазири дифоъ, генерал-майор, ошӯбгари моҳи сентябри соли 2015 Абдуҳалим Назарзода ва амсоли инҳо аз зумраи он нақзу шиканҷаҳост, ки нисбат ба ин афрод ва аъзоёни ҳизби зикршуда муносиб дида шудааст.

Аз назари инҷониб ин андешаҳо асоси воқеие надоранд ва бо фармоиши ашхоси хиёнатро нисбат ба Ватан муносиб дида, тарки кишвар карда, амнияту суботи Тоҷикистонро муҳим намешуморида, устувории ваҳдати тоҷиконро намехоста ба нашр расонида шудаанд. Далели воқеӣ надоштан ва беасос будани ин андешаҳоро бо зикри мазмуну муҳтавои чанд моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки риояааш ба татбиқи меъёрҳои адолати иҷтимоӣ меорад ба самъи хонандаи закитабъ ва ояндабин манзур медорем то ин ки фирефтаи ин фикрҳои ботил ва ивғоангез нашаванд.

Аввалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар кишварҳои ҷомеаи башарӣ танзимкунандаи ҳама гуна самтҳои фаъолият, низоми идоракунӣ, меъёру муқаррароти мавҷуда – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, шаҳрвандони кишвар ҳуқуқу  озодиҳои худро ҳамон вақт ҳимоя намуда, тобеи идеологияи ашхоси алоҳида ва ё гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ намегарданд, ки агар  дар чорчӯбаи талаботи қонун амал карда, волоияти онро қадр намоянд. Зеро барои афроди ҳисси миллӣ, маърифати баланди сиёсидошта ва томияти Тоҷикистони азизро ҳифзкунандаву ваҳдати миллиро устувор нигаҳдоранда матне, ки дар дебочаи Конститутсия ба таври зайл «Мо, халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда,  худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода…» дарҷ гардида аст ифодагари он мебошад, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон новобаста аз аққалиятҳои миллӣ ва афроди пайравидошта ба дину мазҳабҳои мавҷудбуда, бо назардошти қадр ва эҳтиром доштани арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар рушди соҳаҳои тақдирсози Тоҷикистони соҳибихтиёр озодӣ ва ҳуқуқҳои якдигаррро дар доираи қонун эътироф мекунанд, то дар ҷомеа рукнҳои адолати иҷтимоӣ риоя гардида, амнияту субот устувор бошад.

Баъдан, дар моддаи дуюми Конститутсия чи тавре зикр шудааст  забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, вале забони русиро ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эътироф карда, барои аққалиятҳои дигари миллӣ ҷиҳати аз забони модариашон озодона истифода бурдан монеа пеш нагузоштан - ин худ ифодакунандаи риояи принсипҳои ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ, эҳтиром кардани ҳукуқу озодиҳои щаҳрвандон дар Тоҷикистон аст.

Сеюм, мувофиқи мазмуну муҳтавои моддаи панҷуми Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Яъне, имрӯз эътирофкунанда ва ҳифзкунандаи озодиҳои шаҳрвандони кишвар давлат аст ва барои онҳо тамоми шароитро ба зиндагӣ, кору фаъолият муҳайё кардааст.

Чорум, дар асоси талаботи моддаи 8-уми Конститутсия дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкурави инкишоф меёбад ва мафкураи ҳеҷ як ҳизби сиёсӣ,  иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии кишвар дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис ёфта, амал мекунанд. Яъне, ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ дахолат карда наметавонанд. Фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ мардумро даъват менамоянд, манъ аст.

Панҷум, мувофиқи моддаи даҳум - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.  Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. Ҳамзамон санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишварро  ташкил медиҳанд. Пас, тибқи талаботи моддаи 14 ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистон ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии  байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсиони ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Шашум, муҳтавои моддаи 18 ифодакунандаи он аст, ки дар Тоҷикистони соҳибихтиёр ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Ҳамчунин мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон дар кишвар манъ аст, ки ин нукта из ҷанбаи гуманистӣ доштани моддаи мазкур далолат менамояд.

Ҳафтум, дар асоси моддаи 30 – юми Конститутсия ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода шуда, вале таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ мебошад. Инчунин тибқи талаботи моддаи 40 ҳар шахс ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷодӣ, бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад.  Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст.

Ҳаштум, моддаи 41 ифодагари он аст, ки ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат додааст.

Аз ин маводи пешниҳодшуда метавон чунин хулоса бардошт, ки Тоҷикистон соҳибистиқлоли мо давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, тибқи ин принсипҳо низоми идоракуниро ба роҳ монда, дар сатҳи ҷомеаҳои башарӣ шинохта шудааст ва зарурат ба созмоне, ки аз нав Тоҷикистонро эҳё карданӣ бошад надорад. Фаъолияти роҳбари созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов ва ҷалби ҷавонон ба ин созмон, таблиғу ташвиқоти ӯ ва ҳамрайъонаш хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии ба имзо раонидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ошӯби моҳи сентябрии соли 2015 - и муовини собиқи вазири дифоъ, генерал-майор Абдуҳалим Назарзода, ки дар вазифаи масъули давлатӣ фаъолият дошта, таъминкунандаи амнияту суботи кишвар маҳсуб меёфт ва ҳадафаш сарнагун кардани Ҳукумат ва сохтори конститутсионӣ буд ин сирф хиёнат ба Ватан-модар буда, қатли ӯ ва нобуд кардани ҳаммаслаконаш аз зумраи нақзу шиканҷаҳо намебошанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташон раво дид. Онҳо мувофиқи амалу рафтор ва кирдори ношоистаашон дар назди Ватан – Тоҷикистони азиз ва мардуми шарафманди он подош гирифтанд, ки насл ба насл дар ёдҳо мемонад.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj