• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Таъмини амният вазифаи ҳамагонист

Андешаҳо перомуни мақолаи доктори илми сиёсатшиносӣ Саидмумин Ятимов “Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ”

Тоҷикистони соҳибистиқлол солҳои охир ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон тавонистанд ҳадафҳои асосӣ ва стратегияи инкишофи худро рушан муайян созанд. Аммо воқеаҳои глобалӣ ва раванди геополитикӣ дар ҷаҳони имрӯза ба Тоҷикистон таъсири худро мунтазам мерасонад, зеро он ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳон мебошад.

Аз ин хотир, Тоҷикистон дар ин раванди шадид ва пурталотум тавассути эътимоди қавӣ ва муносибати дурусти илмӣ ба воқеият бақои ҳастии миллат ва манфиатҳои он шуда метавонад. Муаллиф дар мақола қайд менамояд, ки масъалаи асосии амнияти ҷамъияти Тоҷикистон шуури худшиносии миллӣ ва пойдевори он шуури муқаррарӣ мебошад. Воқеан, ҳаёти ҳамарӯза дар Тоҷикистон ва ҷаҳон ба ташаккули шуури муқаррарӣ бетаъсир нахоҳад монд. Шуури фардӣ як ҷузъи муҳими шуури ҷамъиятиест, ки андеша, назар, фикр ва ақидаҳои як фард буда, тадриҷан шаклҳои шуури ҷамъиятиро меофарад. Робитаҳои ҷаҳони муосир аз нигоҳи ақл, дониш ва илм дақиқ таҳлил карда шавад ва ҷиҳатҳои мусбати он пазируфта шавад, боиси инкишофи ҳастии миллат хоҳад гашт.

Давлатҳои абарқудрат тавассути сиёсати геополитикии худ бо ҳар роҳу усул барои манфиатҳои хеш шуури миллии халқҳоро дарҳам шикаста, бунёди давлатҳои наву бемарз ба мисли давлати исломиро доранд. Ҳар як шаҳрванди соҳибақл имрӯз воқиф аст, ки дар мамлакатҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон, Ливия ва ғайра ин гурӯҳҳои сиёҳкор бар сари мардуми мусулмон чӣ бадбахтиҳо меоранд. Миллионҳо одам бехонаву дар, сарсону саргардон, гуруснаву ташна, бо ранги зарду гардани каҷ ватангадо ҳастанд.Азият ва таҳқири онҳо дар кишварҳои Аврупо боиси ташвишу нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гашта.

Муаллиф ба ин хотир амнияти ҷамъиятии Тоҷикистонро масъалаи актуалии кулли шаҳрвандони Тоҷикистон мешуморад. Праблемаи шуури ҷамъиятӣ яке аз мавзӯъҳои меҳварии фалсафаи иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Дар мақола ба нақши илм дар ташаккули шуури ҷамъиятӣ диққати махсус дода шудааст. Яке аз вазифаҳои асосии фалсафа ва илм пешгӯикуниҳои иҷтимоӣ ё ояндабинӣ мебошад. Пешгӯӣ – дониш дар бораи оянда, яъне дониш дар бораи он аст, ки ҳанӯз дар воқеият вуҷуд надорад, танҳо дар шакли заминаҳои имконпазири зеҳнию айнии ҷараёни инкишоф: шароити моддию техникӣ, захираҳои гуногун, неруҳои зеҳнӣ, мақсади муайяни одамон таносуби неруҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ғайра мавҷуд мебошад. Пешгӯӣ инъикоси пешакии воқеият аз ҷониби системаи олии асаб мебошад. Барои таҳқиқи ояндаи Тоҷикистон олимон захираҳои васеи усулҳои илмӣ, воситаҳои мантиқию техникии маърифатро бояд истифода намоянд.

Дар таъмини амнияти ҷамъиятии Тоҷикистон яке аз усулҳои пешрафтаи эътимодбахш-баҳодиҳии коршиносӣ ниҳоят зарур аст, албатта, агар коршиносон ба тасаввуроти асосноку саҳеҳи илмӣ такя намуда сару кор гиранд. Аз ин ҷост, ки таҳияи ҳама гуна ояндабинӣ барои самаранок ба роҳ мондани идоракунии равандҳои ҷамъиятӣ аҳамияти калон дорад.Муаллиф ҳушдор медиҳанд, ки ин таҳдидҳо ба амнияти ҷамъиятии Тоҷикистон саривақт таҳқиқ ва омӯхта шуда, вуқӯи онҳо дар ҷомеаи мо пешгирӣ карда шавад. Қарзи шаҳрвандии ҳар як тоҷикистонӣ саҳми босазо гузоштан дар амнияту ваҳдати кишвари азизу маҳбуб мебошад.

Ш.Бердиев, дотсенти кафедраи фалсафа,

А.Саидалиев,

магистри кафедра

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj