• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
менюхо

Низомномаи

Китобхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

  1. 1. Муқаррароти умумӣ

1.1.Китобхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (минбаъд – Китобхона) ҷузъи таркибии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ”  (минбаъд Донишгоҳ) мебошад. Вай хадамоти китобдорию библиографӣ, ҷараёни таълим, корҳои илмӣ – тадқиқотӣ, педагогӣ ва тарбиявии донишгоҳро таъмин намуда, дар баробари он маризи андохтани дониш, чорабиниҳои маънавию фарҳангӣ мебошад.

1.2.Дар фаъолияти худ китобхона қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он”, “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ”, “Дар бораи таъбу нашр”, Оинномаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, асноди дигар дастурию роҳбарикунандаи соҳаи маорифу фарҳанг ва низомномаи мазкурро ба роҳбари мегирад.

1.3.1 Китобхона таҳти назари муовини ректор оид ба корҳои илм қарор дошта, ба ӯ ҳисобдиҳанда мебошад.

1.4.  Дар фаъолияти рӯзмарраи худ китобхона аз амволи худ истифода менамояд.

2. Вазифаи китобхона

2.1.Хадамоти самарабахши рӯзмарраи иттилоотию библиографӣ ба ҳайати профессорону устодон, командони илмӣ, аспирантон, кормандону донишҷӯёни донишгоҳро ташкил мекунад;

2.2.Захираи (фонди) китобхона ва шӯъбаҳои он мувофиқи фаъолият ва самтҳои таълимию илмии донишгоҳ дар асоси талаботи нақшаҳои  таълимӣ, илмӣ ва хонандагони китобхона ташкил карда мешавад;

2.3.Тарбияи фарҳангӣ, иттилоотӣ, омӯзонидани малакаи истифода аз китоб ва китобхона, омода намудани хонандагон барои кор бо маҳзанҳои иттилоотии электронӣ дар усулҳои нави технологияи компютериро ба роҳ мемонад;

2.4.Номгӯи хадамоти китобхона, баланд бардоштани сифати он дар асоси таҷҳизоти нави техникӣ, технологияҳои нав, компютеркунонии ҷараёни китобдорию иттилоотӣ, пайваст намудани компютерҳои китобхона ба шабакаи ягонаи донишгоҳ ва интернетро ташкил мекунад;

2.5. Таҷрибаи кори китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти касбии дигар китобхонаи миллии Тоҷикистон, дигар китобхонаҳои соҳавию ташкилотҳои иттилоотии илмию техникиро омӯхта дар худ татбиқ менамояд;

2.6.Барои таъсис додани китобхонаҳои электронӣ ва ташкили  феҳристи электронӣ чораҳои лозимиро меандешад;

2.7.  Дар толорҳои қироат, абонентҳо ва шуъбаҳои китобхона ба хонандагони алоҳида ва ё гурӯҳи хонандагон хидмат мерасонад.

2.8. Талаботи муштариёнро ба воситаи табодули китоб ё китобхонаҳои дигар  (МБА) қонеъ мегардонад;

2.9. Барои кӯмак ба ҷараёни таълим, пешбурди кори илмии донишгоҳ, номгӯи асарҳои устодони донишгоҳ, маълумотҳои унвонию мавзуъ ва намоиши китобҳоро ташкил менамояд;

2.10.Ба донишҷӯён малакаи ҷустуҷӯ ва дарёфт намудани маълумотҳои зарурӣ ва истифодаи онро дар ҷараёни таълиму корҳои илмӣ, инчунин сарфаҳм рафтан ба маводи маълумот ва иттилоотию библиографии китобхонаро меомӯзонад;

2.11.Барои аспирантон ва донишҷӯён дарсҳои асосҳои китобдорӣ ва библиографиро ташкил менамояд;

2.12.  Барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва дарсҳои амалии донишҷӯён донишкадаҳо  ва мадориси миёнаи махсуси китобдорӣ пойгоҳи асосӣ мебошад;

2.13.Барои хонандагони китобхона намоиши китоб, экскурсияҳо машваратҳоро дар назди феҳристҳо ва картотекаҳо ташкил менамояд;

2.14.Таъминоти фаврӣ ва илман асоснокшудаи фонди китобхонаро мувофиқи барномаҳо ва нақшаи таълимӣ, номгӯи тадқиқотҳои илмии донишгоҳ ташкил менамояд;

2.15. Адабиёти таълимӣ, илмӣ иттилоотӣ, бадеӣ ва матбуоти давриро харидорӣ менамояд;

2.16.Ҷобаҷогузории китобҳо, ҳифзи онҳо, баҳисобгирӣ  ва усули нигоҳдошти китобро ташкил менамояд. Дар ҳолати зарурӣ метавонад истифодаи қисме аз адабиётро маҳдуд созад, ки тибқи қонунҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва таъмин намудани ҳифзи дастовардҳои таърихию фарҳангии халқҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст;

2.17.Ҳифзи китобҳои арзишманд, ноёб ва коллексияҳоро, ки ёдгории таърихию фарҳангӣ мебошад, таъмин намуда, баназаргирии саривақтии онҳоро дар феҳристҳои умумӣ пешбинӣ мекунад;

2.18.Бо мақсади пешниҳоди ҳаматарафа ва пурраи захираҳои адабиёти мавҷуда феҳристҳои алифбои мураттаб, электронӣ ва библиографиро ташкил менамояд;

2.19.Корҳои илмию методиро (аналитикӣ, ташкилӣ, машваратӣ) барои мукаммал намудани ҳамаи соҳаҳои фаъолияти китобхона анҷом медиҳад;

2.20.Барои баланд бардоштани савияи дониши кормандон чораҳои зарурӣ меандешанд;

2.21.Бо ташкилотҳои ҷамъиятиву хориҷӣ, сафоратҳо алоқаи корӣ барқарор намуда, дар лоиҳаҳои онҳо ширкат меварзад ва барои дарёфти маблағ, китоб, компютер ва таҷҳизоти дигари лозима барои китобхона корҳои заруриро анҷом медиҳад;

2.22. Корҳои худро бо шуъбаҳои дигар донишгоҳ мутобиқ месозад;

2.23.Ҳангоми зарурат дар мувофиқа бо раёсати донишгоҳ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Низомномаи фонди гардиши китоб китобҳоро ба иҷора медиҳад.

3.Роҳбарият, тартиби рӯйхати мансабҳо ва таъминоти моддию техникӣ.

3.1.  Роҳбарии китобхонаро директори он бар уҳда дорад, ки аз тарафи ректори донишгоҳ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Директор ҷавобгарии пурраро барои натиҷаи кори китобхона бар душ дошта, дар ҳудуди масъулиятҳои худ дастуру қарорҳои ба таъб мерасонад, ки риояи онҳо барои ҳамаи кормандони Китобхона ҳатмист.

3.2  Мудирони шӯъба ва дигар кормандони китобхона бо фармони ректори  донишгоҳ ва пешниҳоди директори китобхона ба кор қабул ва аз кор озод карда мешавад.

3.4. Барои анҷом додани корҳои методӣ ва такмил додани ҷараёнҳои технологӣ дар китобхона шурои методӣ амал мекунад, ки кори он тавассути муқаррароти дахлдор танзим мегардад.

3.5.Таркиби китобхона ва рӯйхати муносибатҳои он дар асоси масъалаҳои дар назди китобхона гузошташуда, самтҳои фаъолияти ва вазифаҳои он, таркибу рӯйхати мансабҳои намунавӣ (типӣ) бо тавсияи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди директори китобхона аз тарафи ректори донишгоҳ амали мегардад.

3.6.Масрафҳои таъминоти китобхона дар буҷаи хароҷоти донишгоҳ нишон дода мешавад.

3.7.Раёсати донишгоҳ китобхонаро дар асоси меъёрҳои мавҷуда бо бино ва утоқҳои корӣ, маводи чопӣ, компютер ва дигар олоти электронию ҳисоббарорӣ ва нусхабардорию чопӣ, барномаҳои компютерӣ ва ғайра таъмин менамояд.

4. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони китобхона

4.1.Китобхона ҳуқуқ дорад:

- бо оинномаи донишгоҳ шинос шаванд, онро омӯзанд ва ҳар як банди онро дар дохили китобхона қатъиян риоя намоянд;

- аз хизматрасонии китобхонаҳо, интернет, сайту почтаи электронии донишгоҳҳо, синфхонаҳои электронӣ, фондҳои иттилоотӣ, шуъбаҳои илму таълим ва ҳамчунин аз хадамоти шуъбаҳои иҷтимоию маишӣ, табобатӣ ва шуъбаҳои дигари сохтории донишгоҳ мувофиқи Оинномаи мазкур ва ё шартномаи коллективӣ ба таври ройгон истифода баранд;

-Донишгоҳро дар ташкилоту идораҳои гуногун намояндагӣ намоянд, дар кори конференсияҳои илмӣ, ҷаласа ва семинарҳо оид ба масоили китобдорӣ ва библиографию иттилоотӣ ширкат намоянд;

-  тарзу усул ва воситаҳои таълимиро, ки ба хусусияти ҳар кадоми онҳо бештар ҷавобгӯ мебошанд ва сифати баланди раванди таълимиро таъмин менамоянд, интихоб намоянд;

-аз имтиёзоте, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва шартномаҳои коллективии раёсати донишгоҳ бо Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ ва ҳамчунин қарорҳои шӯрои олимони донишгоҳ муқаррар кардаанд, истифода баранд;

-қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳро комилан иҷро намоянд;

- таълимгирандагонро дар рӯҳияи мустақилият, ташаббускорӣ тарбия карда, қобилияти эҷодии онҳоро инкишоф диҳад;

- дар конференсияҳои илмӣ, амалӣ, назарӣ бо маърӯзаҳо баромад намоянд ва дар азхудкунии технологияҳои нави педагогӣ ва иттилоотӣ, саъю талош варзанд;

-маблағҳои барои китобхона муайяншударо масраф намоянд;

-    таркиб ва номгӯи мансабҳои китобхонаро, ки аз тарафи ректори донишгоҳ тасдиқ карда мешавад, такмил диҳад;

- маошҳои кормандонро дар ҳудуди фонди музди меҳнати китобхона, маоши иловагӣ ва инчунин тартиб ва ҳаҷми мукофотпулии кормандонро муайян намояд;

-   дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ, сармояи берунии иловагӣ, аз ҷумла асъори хориҷиро, ба тариқи масруфоти ихтиёрӣ ва мушаххас аз шаҳрвандони алоҳида ва ташкилотҳои ватанию хориҷиро ҷалб намоянд;

-бо розигии ректори донишгоҳ қоидаҳои истифодаи китобҳоро дар китобхона тасдиқ намоянд;

- дар асоси қоидаҳои истифодаи китобҳо дар китобхона ҳаҷман ҷуброни зарари аз тарафи донишҷӯён расонидашударо муайян намояд;

-фаъолияти коргузории худро барои афзун намудани номгӯи хадамоти пешниҳодшуда бо назардошти он ки ин хадамот бо фаъолияти асосии китобхона безарар аст ба самар расонад;

- бар асоси фармон ва қарорҳои мавҷуда, ки ректори донишгоҳ тасдиқ намудааст, аз ҳисоби китобхона баровардан ё фуруши китобро аз захираҳои китобхона ташкил намоянд;

-бо мақсади мусоидат кардани рушди хизматрасонии китобдорӣ, муттаҳидии  касбӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоию тахассусии худ асотсиатсияҳои созмон диҳад ва ё ба ассосиатсияҳои соҳавии ватаниву хориҷӣ ҳамроҳ шавад;

-    тибқи тартиби ҷорӣ ҳамкориҳоро бо китобхонаҳо ва дигар созмонҳою ташкилотҳои ҷамъиятии хориҷӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани табодули байналмилалии китобҳо, мувофиқи тартиби муқарар гардидаба ҳайати созмонҳои байналмилалӣ шомил гардида, дар тартиби барномаҳои байналмилалии китобдорӣ ва дар барномаҳои соҳавӣ ширкат варзад.

4.2.Роҳбарияти китобхона дар асоси меъёрҳои қонунӣ барои вайрон намудани вазифаҳои муайяншуда ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

4.3.Китобхонаи донишгоҳ барои ҳивзи захираҳои адабиёти он, пурра масъул аст. Кормандони китобхона, ки дар расонидани зарари моддӣ ба захираҳои он гунаҳгоранд ва дар асоси қонунҳои амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj