• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
менюхо

Маркази таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Маркази таҷрибаомӯзӣ ва ва рушди касбияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ воҳиди сохтори қисми таълимӣ ба шумор рафта, ба мустаҳкам намудани донишҳои назариявии азбаркардаи донишҷӯён дар раванди таҳсил ва ба даст овардану малакаю маҳорати амалӣ дар касби интихобкарда равона шудааст.

Марказ кору фаъолияти худро тибқи Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2017 №1/16 тасдиқ шудааст) ба роҳ мондааст. Барои расидан ба мақсад дар доираи фаъолияти худ Марказ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

-ташаккули ҷаҳонбинии дурусти илмӣ ва идеявии донишҷӯён, аз худ намудани намудҳои маъмули фаъолияти тарбияи идеявӣ;

-бадастории сифатҳои касбии шахсияти омӯзгори оянда ва сифатҳои шахсии мутахассис, ки ба талаботи ҷамъият ҷавобгӯ бошанд;

-тарбияи муҳаббат ва иззату эҳтироми донишҷӯён нисбати ихтисоси омӯзгорӣ; ба роҳ мондани фаъолияти амалии донишҷӯён, ташаккули маҳорату малакаҳои касбӣ, ки асоси ташкили хуби корҳои таълимӣ – тарбиявӣ ба ҳисоб мераванд, аз бар намудани усулҳои таълиму тарбия;

-дар амал ба роҳ мондан ва мустаҳкам намудани алоқаи фанҳои назариявӣ, ки донишҷӯён ҳангоми омӯзиши фанҳои ҷамъиятӣ, тахассусӣ ва равоншиносиву омӯзгорӣ аз худ намудаанд;

-шиносоии донишҷӯён бо ҳолати корҳои таълимӣ – тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ва раҳнамоии донишҷӯён дар ҳаллу фасли масъалҳои таълимиву тарбиявӣ;

-ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкории донишҷӯён бо талабагон, омӯзиши хислатҳои синнусолӣ ва фардии онҳо;

-коркарди муносибати эҷодӣ ва тадқиқотӣ нисбат ба фаъолияти омӯзгорӣ, аз худ намудани малакаҳои таҳлилӣ, натиҷаҳои кори худ, ба роҳ мондани талабот ба худомӯзӣ.

Мақсади таҷрибаомӯзӣ

Ташкил ва баланд бардоштани маҳорати тахассусии донишҷӯён дар асоси омӯзиши таҷрибаи кории фаъолияти муассиса, мактаб ба чорабиниҳои мактабӣ, ташкилот, корхона, малака ҳосил кунондан дар корҳои мустақилонаи мутахассисони оянда, дар шароитҳои муайяни омӯзгорӣ аст.

Ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, мундариҷаи таҷрибаомӯзӣ, вазифаҳои инфиродӣ, талаботи ҳисобот дар бораи таҷрибаомӯзӣ, ҷамъбасти таҷрибаомӯзӣ.

Намуд ва муҳлати таҷрибаомӯзӣ аз рӯйи стандарти таълимӣ, нақшаҳои таълимӣ муайян карда шуда, бо барномаҳои таҷрибаомӯзӣ аз тарафи кафедраҳо коркард ва муайян мегардад. Маркази таҷрибаомӯзӣ бо беш аз 28- муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2-муассисаи таълимӣ томактабӣ ва 2-колеҷ дар ноҳияҳои  шаҳри Душанбе  ва дигар корхонаву идораҳои истеҳсолӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти таҷрибаомӯзии мутахассисони ҷавон ҳамкории густурда дорад.

 

НОМГӮЙИ ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ТАҶРИБАОМӮЗ

 

Номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯ

1. Рӯзнома (бо муҳру имзои раёсати таълим ва садорати факултет)

2. Роҳхат аз Маркази таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият

3. Барномаи кори таҷрибаомӯзӣ аз рӯи ихтисос

4. Тавсифнома аз муассисае, ки донишҷӯ дар он таҷрибаомӯзӣ гузаштааст

5. Ҳисоботи таҷрибаомӯзӣ

 

Номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯ

1. Рӯзнома (бо муҳру имзои раёсати таълим ва садорати факултет)

2. Нақшаи тақвимӣ

3. Нақшаи кори тарбиявӣ

4. Нақша-конспекти дарси тарбиявӣ

5. Нақша- конспекти дарси яксоата

6. Дафтари таҳлили машғулиятҳои дарсӣ

7. Тавсифномаи психологӣ-педагогӣ барои як хонанда ва ё гурӯҳи синф

8. Воситаҳои аёнӣ

9. Тавсифномаи роҳбарияти муассиса ба фаъолияти омӯзгории таҷрибаомӯз

10.  Ҳисобот

11. Таҳлили як соат дарс


 

  1. Барномаи таҷрибаомӯзии педагогӣ.pdf
  2. Рӯзномаи таҷрибаомӯзии педагогӣ.pdf
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj