• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Шумораи нави “Омӯзгори ҷавон”: Аз Паёми Пешвои миллат то нақди Тилло Пӯлодӣ

Аввалин саҳифаи шумораи навбатии (№ 18 (965) нашрияи «Омӯзгори ҷавон”  бо Паёми телевизионии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон оғоз мешавад.

Пешвои миллат дар муроҷиат ба ҷавонон иброз дошт, ки “Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои  ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд”. Президенти Тоҷикистон  бар ин назар аст, ки “...дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар ҷаҳонбинӣ ва назару андешаи ҷавонон таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд омада, имрӯз гуфтору рафтор, одобу ахлоқ ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ба маротиб

беҳтар гардидааст ва ҷавонони мо ҳоло  дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд”.

 

Эмомалӣ Раҳмон дар бахши дигар аз паёми худ ба ҷавонон мегӯяд, ки “Дар раванди давлатсозӣ ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободсозии Ватан пеш аз ҳама ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти идораи давлат ва рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд”.

“Омӯзгори ҷавон” дар ин шумора ҳамчунин шакли комили мақолаи Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимовро бо номи “Илм ва амният” чоп кардааст. Муаллиф муруре бо назароти тоза дар бораи истифодаи илм дар амнияти миллӣ дорад. Мутолиаи ин мақола барои ҳар касе, ки хостори амнияту субот дар кишвар аст, аз манфиат холӣ нест.

Ба истиқболи шастумин солгарди таъсиси нашрия (1 сентябри соли 1957) мақолаи шоир Тилло Пӯлодӣ, аъзои кафедраи адабиёти тоҷикро бо номи “Баъзе мулоҳизаҳо дар бораи шеърҳои шоирони навқалами Институти педагогӣ” аз нашрияи “Педагоги ҷавон” (10-уми апрели соли 1958)  бозчоп кардааст. Назари шоири тавоно ба навиштаҳои навқаламон, ки дар саҳифаҳои нашрияҳо чоп шудаанд. Ва хеле хонданиву ҷолиб. Кам касоне аз миёни ин донишҷӯёни навшоир боз муддатҳо шеър гуфтанд, вале Тилло Пӯлодӣ чун мураббии ғамхор шеъри онҳоро таҳлил ва камбуду норасоии онҳоро гуфтаву маслиҳату машваратҳои судманд ҳам додааст.  Эродҳое, ки шоир гирифта ба шеъри навқаламони имрӯз ҳам метавонад дахл кунад ва касоне, ки имрӯз дар Донишгоҳи омӯзгорӣ шеър мегӯянд, метавонанд аз таҳлилҳои Тилло Пӯлодӣ баҳра бардоранд.

Дар шумораи нави “Омӯзгори ҷавон” силсилаи хабарҳо аз ҳаёти донишҷӯён, нишасту конфронсҳои илмӣ, навиди варзишӣ чоп шудааст.

Шакли комилу  пурраи “Омӯзгори ҷавон”  ин ҷост.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru